Наҷоти ронандаи бо автомашинааш ба дарёи Варзоб сарозеррафта

Дафтари матбуоти КҲФ ва МГ

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ як сокини 23-солаи кишварро аз хатари марг наҷот доданд. Ин ҷавон бар асари садама якҷо бо мошинаш дар дарёи Варзоб фурӯ рафта буд. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ, ин ҳодиса рӯзи 13-уми сентябри соли равон дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух дод. Ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд баллони мошини сабукрави тамғаи "Мерседес-Бенс" ногаҳон кафид. Дар ин ҳол дар мошин ронанда танҳо буд. 

Ба шарофати амали фаврӣ ва рафтори ҷавонмардонаи наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи Ситоди КҲФ-и шаҳри Душанбе муяссар гардид, ки ронандаи 23-сола фавран аз об берун кашида шавад. Барояш кӯмаки аввалияи тиббӣ расонданд. Ҷавонмард баъди он ки ба худ омад, бистарӣ шудан дар бемористонро рад кард, чун худро хуб ҳисс мекард ва ниёз ба табобат надошт. Баъдан бо талоши кормандони наҷоти Кумита мошин низ аз об берун оварда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки аз аввали соли 2017 кормандони КҲФ 10 нафар аз ҷабрдидагони садамаҳои нақлиётиро дар манотиқи куҳӣ ва обҳои кишвар наҷот доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудорфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баронандагон тавсия медиҳад, ки дар роҳҳо ботаваҷҷуҳ бошанд, бахусус дар дараҳои тангу роҳҳои морпеч суръати ҳаракати мошинҳоро аз меъёр боло набаранд, ҳаёти худ ва атрофиёнашонро ба хатар наяндозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...