Санаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон муайян шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон санаи 10 октябр дар Театри давлатии акдемии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя то 14 октябр идома ёфта, ин дафъа намояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ танҳо дар толорҳои шаҳри Тошканд ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳунарнамоии намояндагони Тоҷикистон дар минтақаҳои дигари Ӯзбекистон ба нақша гирифта нашудааст.

Зимнан зикр гардид, ки рӯйхати ҳайати Тоҷикистон, ки фарҳанги мардуми ҷумҳуриро дар ҳамсоякишвар муаррифӣ мекунад, алҳол мавриди мувофиқа қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бори охир соли 1997 баргузор шуда буданд.

Моҳи майи соли равон бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон доир гардиданд. Ҳайати кишвари ҳамсоя аз 55 нафар ҳунармандон иборат буд, ки миёни онҳо Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон – Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, Ҳунарманди шоистаи ин кишвар – Собирҷон Муминов, сароянда Севинҷ Муминова, ҷоизадорони мукофотҳо «Ниҳол» ва ансамбли давлатии таронаву рақси «Ӯзбекистон» ҳузур доштанд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода барномаҳои консертии ҳунармандони ӯзбек баргузор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...