Зани пиронсоли садақаталаб 40 сомонӣ ҷарима шуд

Asia-Plus

Як зани пиронсолеро, ки дар мавзеи назди Сирки шаҳри Душанбе садақаталабӣ мекард, кормандони милитсия барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ 40 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Як зани сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин зан нафақахӯри яккаву танҳо буда, нафақааш барои харидани доруворӣ намерасад ва маҷбур аст, ки талбандагӣ кунад.

«Ҳамааш хуб буд, ҳеҷ касе ба ӯ коре надошт, вале ҳафтаи гузашта кормандони милитсия ӯро 40 сомонӣ ҷарима карда, огоҳ карданд, ки дигар дар кӯча талбандагӣ накунад. Акнун ӯ аз кӯча баромадан метарсад», – гуфт зан.

Сардори хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар ин робита изҳор намуд, ки «ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кори рӯзмарраи мо буда, мақомот бо онҳо (талбандагон) корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад, ки ин ҷо ягон навигарие нест».

«Рейдҳо асосан нисбати ҷӯгиҳо гузаронида мешаванд. Онҳо шахсони комилан коршояманд, вале талбандагиро ба касби худ табдил дода, бо ин амал симои шаҳрро коста ва бо талбандагӣ табъи мардумро хира мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда қайд кард, ки бо шахсони пиронсол ва маъюбон дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ҳолати шароити душвори зиндагиашон, онҳо ба муасссисаҳои махсуси пойтахт фиристода мешаванд.

«Агар кӯдакон дар кӯча ба талбандагӣ машғул бошанд, волидони онҳо мутобиқи қонуни масъулияти падару модарон дар ҳаҷми 3 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 150 сомонӣ ҷарима мешаванд», – зикр кард намояндаи ВКД.

Дар робита ба қазияи зани мушаххас назди сирк Умарҷони Эмомалӣ изҳор дошт, ки «кормандони милитсия ӯро ғайриқонунӣ ҷарима кардаанд ва ӯ тариқи телефони боварии 221-21-21 метавонад ба ВКД муроҷиат кунад, то ки масъала мавриди баррасиву баҳогузорӣ қарор гирад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...