Қотили тоҷик дар Сургутро дар Суғд боздошт карданд

Date:

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шахсеро боздошт намуданд, ки ба қатли сокини 30-солаи ноҳияи Спитамен гумонбар дониста мешавад. Марҳумро ҳамватанонаш то марг лату кӯб кардаанд.

Бино ба маълумои ВКД Тоҷикистон, аввали моҳи сентябр ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон марди 57-солаи сокини ноҳияи Спитамен муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум писари 30-солаашро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Сургути Россия қарор дошт, мавриди лату кӯб қарор дода, ба ҳалокат расонидаанд ва ҷасадашро дар яке аз ҷангалзорҳои шаҳри Сургут партофтаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Тафтишот муайян намудааст, ки номбурда, санаи 3-юми сентябри соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 20-солаи сокини шаҳри Конибодом ва “Бобо” ном шахс, ки ба тафтишот номаълум мебошад, ҷинояти мазкурро содир намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ҳодиса бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад. Доир ба боздошти «Бобо» чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...