Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Покистону Туркманистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар карда, дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистону Туркманистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар карда, дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистону Туркманистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳои хубу дӯстона доранд ва кишварҳо омодаанд, то бо истифода аз фурсату имконоти мавҷуда барои ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ муносибатҳоро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки сатҳи имрӯзаи эътимоду ҳамдастии ду давлат барои таҳкими бештари равобити ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунҷанба мусоидат хоҳад кард.

Шоми рӯзи 17 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-уми бозиҳои осиёӣ иштирок кард.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд. Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш, аз ҷумла, баскетбол, гӯштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, теннис, самбо, шиноварӣ, аспсаворӣ ва дигар намудҳои варзиш шомил шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 5-уми Осиё 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар дар 15 намуди варзиш ва ҳунарҳои размӣ намояндагӣ ҳоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.