ВКД: Дарёфти хоҳарони оворагарди дар Душанбе гумшуда

Кормандони милитсия хоҳарон Ашӯроваҳоро, ки рӯзи 12 сентябр бедарак шуда буданд, дарёфт намуданд. Онҳо ба оворагардӣ машғул будаанд. Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, хоҳарони ноболиғ – Анисаи 16-сола ва Мадина Ашӯроваи 13-сола баъди 4 рӯзи гум шуданашон аз ҷониби кормнадони милитсия дарёфт шуда, ба олидонашон баргардонида шуданд. Тибқи маълумоти ВКД, духтарон дар қаламрави шаҳри Душанбе […]

Кормандони милитсия хоҳарон Ашӯроваҳоро, ки рӯзи 12 сентябр бедарак шуда буданд, дарёфт намуданд. Онҳо ба оворагардӣ машғул будаанд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, хоҳарони ноболиғ – Анисаи 16-сола ва Мадина Ашӯроваи 13-сола баъди 4 рӯзи гум шуданашон аз ҷониби кормнадони милитсия дарёфт шуда, ба олидонашон баргардонида шуданд.

Тибқи маълумоти ВКД, духтарон дар қаламрави шаҳри Душанбе дарёфт шуда, ба оворагардӣ машғул будаанд.

Ёдрас мекунем, ки хоҳарон Ашӯроваҳо рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар қаламрави ноҳияи Шоҳмасгури пойтахт бедарак шуда буданд. Ба гуфтаи падари духтарон, нимаи рӯзи 12 сентябр онҳо аз хона баромада гуфтаанд, ки ба мактаби №36 мераванд, вале бо ҳамин дигар барнагаштаанд.

Қобили зикр аст, ки Мадина дар синфи 7-ум хонда, ӯ худаш ҳар рӯз мустақилона ба мактаб мерафтааст, вале он рӯз Аниса низ барои гусел ба хоҳараш ҳамроҳ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.