Рақобати футболбозони ҷавони тоҷик бо дастаҳои Мексика, Чин ва Уммон

Asia-Plus

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев субҳи рӯзи 17 сентябр ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017» ба Чин раҳсипор шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 20-24 сентябр дар шаҳри Сюйзини Чин доир гардида, дар он ба ҷуз дастаи Тоҷикистон, тимҳои соҳибони майдон – Чин, Мексика ва Уммон низ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад,  бозии аввалро футболбозони тоҷик санаи 20 сентябр – бо Мексика, бозии дуюмро санаи 22 сентябр – бо Чин ва бозии охирро рӯзи 24 сентябр – бо тими Уммон доир мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар иборат аст.

Иштироки мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 маҳсуб меёбад, ки аз 31 октябр то 8 ноябр дар Ҳисор доир мегардад.

Дар марҳилаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои Бангладеш (31 октябр), Шри-Ланка (4 ноябр), Малдив (6 ноябр) ва Ӯзбекистон (8 ноябр) рақобат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...