Шикори ҳиҷобпӯшон дар Хуҷанд: занро ба шуъбаи милитсия бурданд

Asia-Plus

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсияи маҳаллӣ ба хонаи як зан омада, аз ӯ талаб кардаанд, ки фавран ҳиҷобашро аз бар кашад. Зан инро рад карда, барои ин ӯро ба шуъбаи милитсия мебаранд. Маълумот дар ин бора тариқи почта субҳи имрӯз ба идораи «Азия-Плюс» расида, мо дарҳол ба рақами телефони зикршудаи ин зан дар тамос шудем.

Ин замон зани боздоштшуда дар шуъбаи милитсия баёнот менавишт. Мо дархост кардем, кки гӯшаки телефонро кормандони шуъба бигиранд. Як корманди ҷавони милитсия изҳор дошт, ки ҳеҷ касе ба хонаи ин зан нарафта, чизе ҳам талаб накардааст. Сипас тамос қатъ шуд. Айни замон бо ин рақам касе ҷавоб намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар номаи унвонии идора воридшуда хабар дода мешавад, ки ба хонаи ин зан, ки бо писараш зиндагӣ мекунад, «намояндагони ШВКД-и маҳаллӣ (2 нафар) ва ду зан зада даромада», талаб кардаанд, ки зан таъҷилӣ ҳиҷоашро кашад, «вагарна онҳо кормандони милитсияро даъват намуда, ӯро ба шуъба мебаранд». Дар нома ба кадом шуъба бурдани зан мушаххас зикр нашудааст.

Дар идомаи нома қайд шуда буд, ки зан дарҳол ба хати фаъоли ВКД бо телефони 221-21-21 занг зада, ба ӯ тавсия додаанд, ки ба хати фаъоли Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо рақами 6-22-22 тамос бигирад.

«Аз он ҷо посух доданд, ки пӯшидани ҳиҷоб манъ аст. Боадабона посух доданд, вале ҳақиқат он аст, ки навбатдор аз манъ будан оғоз кард. Вақте ман аз тағйироти нав ҳарф задам, навбатдор тасдиқ намуд, ки аз хати фаъоли Душанбе занг задаанд, вале бояд бо раҳбарият маслиҳат кунад, чунки ба онҳо фармон аз боло аст. Ба адвокат занг задам ва ӯ тавсия дод, ки ба хатти фаъол муроҷиат кунам», – зикр гардидааст дар нома.

Барои шарҳ ба ВКД Тоҷикистон муроҷиат карда, сухангӯи ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ дод, ки ҷиҳати таҳқиқи ин ҳодиса тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи тағйироту иловаҳои охири моҳи август қабулшуда ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, барои пӯшидани сатр ё ҳиҷоб ҳатто ҷарима пешбинӣ нашудааст.

Як манбаи «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ қаблан ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор дошта буд, ки «агар бонувони ҳиҷобпӯшро касе ҷарима карданӣ бошад ё аллакай ҷарима кардааст, онҳо метавонанд бо ариза ба мақомоти прокуратура муроҷиат кунанд ва ҳамроҳи ариза нусхаи санади ҷаримаро пешниҳод намоянд.

«Азия-Плюс» қазияро пайгирӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...