Бозбинии парвандаи қурбонии «тарбия»-и сарбоз Мақсуд Носиров

Notorturetj.org

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи Мақсуд Носировро ба рӯзи дигар мавқуф гузошт.

Бино ба иттилои сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим бо сабаби зарурати пурсиши равоншинос, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ӯ муайян гардидааст, баррасии парвандаро ба рӯзи 27-уми сентябр, соати 9:00 ба таъхир гузошт.

Ба иттилои адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, аввали моҳи июли соли ҷорӣ бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ба суд муроҷиат карда шудааст, ки 429 ҳазору 400 сомонӣ аз ҳисоби Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шавад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки “мо интизор дорем талаботи даъвогиямон бо назардошти он зарари маънавӣ, ки ба даъвогар расонида шудааст, ба таври пурра аз ҷониби суд қонеъ карда мешавад. Ман чунин мешуморам, ки талаботи мо ба принсипи оқилонаву одилона ҷавобгӯ мебошад”.

Мурот Носиров, падари Мақсуд Носиров мегўяд, ки “зарари моддию маънавиро ман талаб дорам, чизи дигаре не, ҳақиқат будагист. Ба суд бовар мекунам. Адолат будагист”.

Ёдрас мешавад, ки санаи 27-уми январи соли 2014 чанде аз хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи марзии қисми низомии 2587, воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо мақсади “тарбия намудан” сарбозони ҷавонро саф кашонда, ба гулӯву дигар аъзои бадани ҳар кадоми онҳо зарба заданд. Пас аз ин зарбаҳо сарбоз Мақсуд Носиров беҳуш шуда, ӯро ба шуъбаи хуфтухези сарбозон мебаранд, ки дар он ҷо ӯ ба ҳуш наомада, ба ҳалокат мерасад. Бар асоси ташхиси судиву тиббӣ, Мақсуд Носиров ба иллати ҷароҳатҳои вазнин бардоштан дар ҷисмаш (хунравии дохилӣ, хунравии рӯдаи борик ва ғайра) ба ҳалокат расидааст.

https://www.youtube.com/watch?v=xnnKy3cvIwk

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аз 8-уми майи соли 2014 М. Юнусов ва Н. Шарифзода дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в, д» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва Ш. Нуров ва Б. Шераев мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в» гунаҳкор дониста шуда, ин сарбозони собиқадор ба муҳлати аз 5 то 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...