Тоҷикистону Туркия масоили боздошт ва истирдоди ҷинояткоронро баррасӣ карданд

Дар раванди баргузории 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекини Чин идома дорад, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Туркия зери роҳбарии муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар Мехмет Эрсой дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни сӯҳбат аз шиносоӣ дар чунин ҳамоиши сатҳи […]

Дар раванди баргузории 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекини Чин идома дорад, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Туркия зери роҳбарии муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар Мехмет Эрсой дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни сӯҳбат аз шиносоӣ дар чунин ҳамоиши сатҳи баланд изҳори хушнудӣ намуда, зикр карданд, ки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Туркия дар ҳамкории зич қарор дошта, пайваста ин ҳамкориҳоро дар самтҳои мухталиф инкишоф медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафайн оид ба ҳамкориҳои судманди ду мақомот ҷиҳати кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, дастгир ва истирдоди ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалии «Интерпол» буда ва тақвият додани мубодилаи иттилооти оперативӣ табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ҳамкориҳои ду мақомот дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар ин самт чорабиниҳои муштарак амалӣ карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.