Дар истихроҷи металлҳои қиматбаҳо Тоҷикистон рекордҳои нав гузоштанист

Ҷараёни истихроҷи металлҳои қиматбаҳо аз қаъри замини Тоҷикистон босуръат идома дорад. Аз оғози сол танҳо истихроҷи нуқра қариб ду баробар афзуда, истихроҷи тилло низ дар ҳоли зиёдшавӣ аст. Дар афзоиши истихроҷи металлҳои қиматбаҳо Вазорати саноат саҳми корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон»-ро қайд мекунад. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, нисбат ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷараёни истихроҷи металлҳои қиматбаҳо аз қаъри замини Тоҷикистон босуръат идома дорад. Аз оғози сол танҳо истихроҷи нуқра қариб ду баробар афзуда, истихроҷи тилло низ дар ҳоли зиёдшавӣ аст. Дар афзоиши истихроҷи металлҳои қиматбаҳо Вазорати саноат саҳми корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон»-ро қайд мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи тилло – 21% ва нуқра – 92% афзудааст. Рақами мушаххаси ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳоро дар Тоҷикистон мансабдорон ифшо накарда, изҳор медоранд, ки чунин маълумот махфӣ аст.

Қаблан тобистони ҳамин сол вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода қайд карда буд, ки ин соҳа аз ҷониби ҳукумату президент дастгирӣ меёбад.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии 5 тонна тилло ва 3,2 тонна нуқра истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2015 ҳаҷми истихроҷи тилло – 500 кило ва нуқра – 200 кило зиёд шуд.

Дар назар аст, ки аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нав соли 2022 ҳаҷми солонаи истихроҷи тилло дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 (каме бештар аз 2,4 тонна) 7 баробар афзуда мешавад.

Дар Вазорати саноат бар ин назаранд, ки барои афзоиши ҳаҷми истихроҷи тилло аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузург дар конҳои Таррор, Чоре, Пакрут ва ғайра дар ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

«Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад, – таъкид доштанд дар ин ниҳод. – Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст».

Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки иҷозатнома барои истихроҷи тилло дар Тоҷикистонро асосан ширкатҳои Чин дастрас мекунанд, ки маъмулан бо намояндагони тиҷорати Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис медиҳанд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо – КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио