Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад; – Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт соати 08:30  ҷаласаи рӯнамоӣ ва коршиносӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии ҷамъиятии бастаи тавсияҳои нав ба қонунгузории Тоҷикистон дар бахши муқовимат ба хариду фурӯши одамон ба кор шурӯъ мекунад. ҚУРБИ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад;

– Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт соати 08:30  ҷаласаи рӯнамоӣ ва коршиносӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии ҷамъиятии бастаи тавсияҳои нав ба қонунгузории Тоҷикистон дар бахши муқовимат ба хариду фурӯши одамон ба кор шурӯъ мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7988 сомонӣ;

1 евро – 10.3298 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1493 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2002 – Дар Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузорӣ дар марз ба кор шурӯъ кард.

2011 — Дар Варшава Тоҷикистон оид ба вазъи озодии баён ва риояи ҳуқуқҳои динӣ дар ҷумҳурӣ ҳисобот дод.

1898-1940 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Сурен Шадунс.

1948 – Мавлуди доктори илми геология Мададбек Тоҷикбеков.

1953 – Зодрӯзи олимаи соҳаи тиб Дилбар Абдиева.

1951 – Мавлуди математик Сайфулло Бобоев.

1954 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Музаффар Олимов.

1957 – Мавлуди Арбоби шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шарифов.

1958 – Зодрӯзи мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов.

1971 – Мавлуди рӯзноманигор Валиҷон Баёнӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +21+26. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+24.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.