Дархости ивази судяро ба Сайфиддин Назарзода рад карданд

Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парванда нисбати собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода идома ёфт. Сайфиддин Назарзода, ки дар риоя накардани муқаррароти қонуни танзим зимни баргузории тӯйи писараш гунаҳкор дониста мешавад, изҳор намуд, ки раисикунандаи мурофиа Хуршед Исозода дархости ӯро доир ба баргузории ташхиси муайян кардани шумори […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парванда нисбати собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода идома ёфт.

Сайфиддин Назарзода, ки дар риоя накардани муқаррароти қонуни танзим зимни баргузории тӯйи писараш гунаҳкор дониста мешавад, изҳор намуд, ки раисикунандаи мурофиа Хуршед Исозода дархости ӯро доир ба баргузории ташхиси муайян кардани шумори ҳозирин дар тӯй рад кардааст.

Айбдоршаванда ба суд пешниҳод кард, ки аксу наворҳои видео аз маъракаро бисанҷанд, то ки шумори ҳозирин дар тӯй муайян карда шавад, лекин Исозода қайд кард, ки инро пештар мақомоти прокуратура анҷом додааст.

Назарзода талаб кард, ки судяи мурофиа иваз карда шавад, «зеро мурофиаи якҷониба сурат мегирад», вале пешниҳодҳои ӯ рад шуданд.

Насриддинов, адвокати айбдоршаванда изҳор дошт, ки амали кормандони Агентии зиддифасод, ки дар маърака одамонро акс гирифтаву ба навор бардоштаанд, ғайриқонунӣ аст, «чунки онҳо бояд худро муаррифӣ мекарданд ва тибқи қонун ба ин вазифадоранд».

Ёдрас мекунем, ки Сайфиддин Назарзода нимаи моҳи август бо фармони президент аз мансаб сабукдӯш шуд. Дар фармон сабаби аз кор озод кардан зикр нагардида буд, вале ҳама бар ин назаранд, ки ӯ барои пуршукӯҳ баргузор намудани маъракаи тӯйи издивоҷи писараш ва риоя накардани қонуни танзим анъана дар он аз вазифа барканор шуд.

Кормандони Агентии зиддифасод исрор меварзанд, ки Сайфиддин Назарзода ба тӯйи писараш дар тарабхонаи «Сарез» беш аз 300 нафар меҳмононро даъват кардааст, ҳарчанд тибқи қонун шумори онҳо набояд аз 150 кас зиёдтар бошад.

Қобили зикр аст, ки нисбати Тоҷиддин Ҳабибуллоев, қудои Сайфиддин Назарзода низ парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.