Вилояти Новосибирск шумори квотаҳои муҳоҷиронро кам карданист

Ҳукумати вилояти Новосибирски Русия шумори иҷозатномаҳои будубоши муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро кам кардан мехоҳад. Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба дафтари матбуоти ҳукумати вилоят дар ин робита менависад, тӯли чандин сол шумори квотаҳо бетағйир боқӣ монда, 4 ҳазор адад иҷозатномаро ташкил медод ва дар соли 2018 бошад, то 3 ҳазор адад кам кардани […]

Asia-Plus

Ҳукумати вилояти Новосибирски Русия шумори иҷозатномаҳои будубоши муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро кам кардан мехоҳад.

Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба дафтари матбуоти ҳукумати вилоят дар ин робита менависад, тӯли чандин сол шумори квотаҳо бетағйир боқӣ монда, 4 ҳазор адад иҷозатномаро ташкил медод ва дар соли 2018 бошад, то 3 ҳазор адад кам кардани он пешниҳод шудаааст.

Гуфта мешавад, пешниҳоди дахлдор дар ин хусус ба ВКД Русия ирсол хоҳад шуд. Чун дар дигар шаҳрҳои Русия дар Новосибирск низ ба ин васила талош доранд, ки бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза баранд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар вилояти Новосибирск барои кору зиндагӣ ва таҳсилу роҳандозии тиҷорат шароитҳои мусоид фароҳам аст, ки амалисозии муваффақонаи барномаи давлатии ихтиёрӣ аз хориҷи кишвар ба ватан кӯчонидани ҳамватанон ба ин гувоҳӣ медиҳад.

Аз соли 2009 то соли 2012 аз рӯи ин барнома наздики 6 ҳазор нафар ҳамватанон ва аз соли  2013 то имрӯз аз 26 кишвари ҷаҳон қариб 28 ҳазор ҳамватанон ба вилояти Новосибирск кӯчидаанд, ки қаблан асосан дар Қазоқистон (70%), Украина (7%) ва Ӯзбекистон (4%) иқомат доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио