Пирӯзии «Истиқлол» дар бозии аввали финалии байниминтақавии Ҷоми AFC

Дар вохӯрии аввали финалии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, голи ягонаро дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ легионери даста Дмитрий Барков ба ҳадаф расонид. Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 18 октябр дар Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад. Дар […]

Asia-Plus

Дар вохӯрии аввали финалии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, голи ягонаро дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ легионери даста Дмитрий Барков ба ҳадаф расонид. Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 18 октябр дар Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад.

Дар сурати ғолиб омадан аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ «Истиқлол» ба даври финалии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфта, бо тими «Эйр-Форс»-и Ироқ рақобат мекунад. Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки ба туфайли дастовардҳои тими «Истиқлол» дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 Тоҷикистон дар рейтинги Конфедератсия мақоми худро аз зинаи 20-ум ба зинаи 17-ум беҳтар карда, акнун имкон пайдо мешавад, ки дар мусобиқаҳои футболи Осиё миёни дастаҳо аз Тоҷикистон се даста иштирок кунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.