Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо раисони 5 ноҳияи кишвар

Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат раисони ноҳияҳои номбурда ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода […]

Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат раисони ноҳияҳои номбурда ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.

Сарвари давлат диққати роҳбарони ноҳияҳоро ба иҷрои саривақти корҳо, кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, аз ҷумла ғунучини картошка ҷалб намуд.

Ҳамчунин доир ба захираи хӯроки чорво, маводи сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои тандурустию маориф бо ангишт ва дигар маҳсулоти зарурӣ, иҷрои корҳои созандагию ободонӣ ни дастуру супоришҳо дода шуд.

Президенти мамлакат таъкид намуд, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд барои ба мардум расондани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату ҳукумат, риоя ва дар амал татбиқ кардани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.