Суғуртаи бепули тиббӣ дар Русия ба муҳоҷирон аз кишварҳои ИИАО

Asia-Plus

Муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва аъзои оилаи онҳо бо суғуртаи тиббии бепул дар Русия таъмин мешаванд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Вазири тандурустии Русия Вероника Сквортсова зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми III Русия ва Арманистон оид ба тандурустӣ изҳор намудааст, ки доир ба таъмини муҳоҷирони корӣ бо суғуртаи пурраи тиббӣ созишнома омода гардидааст.

«Дар доираи созишномаҳои байнулмилалӣ ба шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, ёрии бепули таъҷилӣ тиббӣ ва хизматгузориҳои таъҷилии тиббӣ дар макони зист, ҷарроҳии таъҷилӣ ва хизматгузориҳои тиббӣ ҳангоми таваллуди кӯдак дастрас аст», – қайд кардааст Сквортсова.

Гуфта мешавад, Русия ин санадро тасдиқ ва ояндаи наздик аз ҷониби Арманистон низ тасдиқ шудани он дар назар аст. Ҳамчунин кишварҳои узви ИИАО бастаи санадҳо (беш аз 20 ҳуҷҷат)-ро омода намудаанд, ки барои гузаштан ба бозори ягонаи маснӯоти доруворӣ ва тиббӣ ва таъмини сифату бехатарии таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббӣ имкон медиҳад. Дар ин бора шабакаи телевизионии «МИР 24» хабар медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки полиси суғуртаи ҳатмии тиббиро барои муҳоҷирон корфармо дастрас намуда, минбаъд мувофиқи барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ онҳо аз кумакҳои тиббӣ истифода карда метавонанд.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи августи соли равон Вазорати корҳои дохилии Русия санадеро таҳия намуд, ки дар он манъи ҷалби хориҷиён ба кор бидуни имзои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шудааст. Зарурати қабули қонуни навро ин ниҳод ба талаботи такмили назорат аз болои иҷрои муқаррароти Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) нисбат дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...