ВКД наздикони Оишаи дар Ироқ дарёфтшударо меҷӯяд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пайвандону наздикони Оишаи дар Ироқ дарёфтшударо, ки аз ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад, ҷустуҷӯ дорад.

«ВКД ба ҷустуҷӯи хешону наздикони Оиша ва додарону хоҳаронаш, ки аз тақдирашон мо дирӯз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем, оғоз кард. Бо журналиситони русиягӣ, ки дар Ироқ қарор доранду аз ин қазия ба мо хабар доданд, низ адар алоқа ҳастем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Ӯ изҳор намуд, ки агар касе аз тоҷикистониён дар бораи Оиша ва хешону наздикони ӯ маълумоте дошта бошад, метавонад тариқи телефонҳои боварӣ – 221-21-21 (мобилӣ – 1919) ба Вазорат хабар диҳад ва агар касе аз хешону наздикон пайдо шавад, аз паноҳгоҳи Ироқ ба ватан баргардонидани онҳо имкон дорад.

Номбурда ҳамчунин хабар дод, ки то ҳол касе аз пайвандону наздикони боз як духтар бо номи Марям, ки ба тасдиқи шабакаи телевизионии Russia Today ӯ ҳам тоҷик аст, пайдо нашудаанд.

Шабакаи телевизионии RT хабар медиҳад, ки Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия ба таҳкиқи қазияи ду кӯдаки бо Оиша дарёфтшуда, ки эҳтимол меравад шаҳрванди Русия ҳастанд, оғоз намудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...