Навалний доир ба амволи 1 миллиардии Владимир Соловёв хабар дод

Date:

Сиёсатмадор ва муассиси Фонди мубориза бо коррупсия (ФМК) Алексей Навалний натиҷаҳои тафтиш дар бораи амаволи ровии маъруфи телевизиони Русия Владимир Соловёвро, ки продюсери маъруфи Русия, зодаи Тоҷикистон Табриз Шаҳидӣ ӯро сарпарастӣ мекунад, мунташир намуд.

Навалний арзиши умумии амволи ровии телевизионро 1 млрд. рубл арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки маълумот доир ба амволи Соловёв пештар ҳам маълум буда, лекин баъзе маълумотҳо бори аввал нашр мешаванд. Дар ин бора «Дождь» хабар медиҳад.

Ба навиштаи «Новая газета», соли 2010 шаҳрдории Маскав хонаи майдонаш 160 метрро дар кӯчаи Долгоруковский ба маблаги 2,5 млн. рубл ба Соловёв фурӯхтааст. Соли 2007 Соловёв боз дар ҳамин бино ду хонаи дигар харида, майдони амволро то 450 метри мураббаъ зиёд кардааст. ФМК амволи ровиро дар кӯчаи Долгоруковский 250 млн. рубл баҳо додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хонаи Соловёв дар Переделкино

Гуфта мешавад, бинои чорошёна назди Переделкинои вилояти Маскав бо майдони 1046 метри мураббаъ низ ба Соловёв тааллуқ дошта, нархи он аз ҷониби ФМК 400 мл. рубл арзёбӣ мешавад.

Фонди Навалний ҳамчунин доир ба бӯстонсаро (вилла)-и Соловёв дар кӯли Комои Италия низ маълумот дода, дорои шаҳодатномаи резиденти Италия будани ровии телевизионро низ ошкор кардааст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бӯстонсарои Соловёв дар Италия

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...