Дар Душанбе методҳои муборизаи муштарак бо терроризм дар АвруОсиёро баррасӣ мекунанд

Шахсони расмии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия роҳу воситаҳои ҳамоҳангсозии талошҳо баҳри муқовимат ба терроризм ва ифротгароиро дар Душанбе баррасӣ мекунанд. Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон созмон дода шуда, […]

Asia-Plus

Шахсони расмии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия роҳу воситаҳои ҳамоҳангсозии талошҳо баҳри муқовимат ба терроризм ва ифротгароиро дар Душанбе баррасӣ мекунанд.

Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон созмон дода шуда, бидуни иштироки намояндагони ВАО баргузор мешавад.

Дар кори конфронс намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистону Русия, кормандони сафоатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷумҳурӣ, муовинони роҳбарони Котиботи СААД, Кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ, ҳамчунин раҳбарияти ниҳодҳову марказҳои таҳқиқоти стратегии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.

Зимни кори конфронс баррасии маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба мушкилоти таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла таҳдиду хатарҳое, ки бештар мушкилу гуногунҷабҳа шуда, ба мушкилоти умдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои минтақа дахл мекунанд дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио