Навалний доир ба амволи 1 миллиардии Владимир Соловёв хабар дод

Сиёсатмадор ва муассиси Фонди мубориза бо коррупсия (ФМК) Алексей Навалний натиҷаҳои тафтиш дар бораи амаволи ровии маъруфи телевизиони Русия Владимир Соловёвро, ки продюсери маъруфи Русия, зодаи Тоҷикистон Табриз Шаҳидӣ ӯро сарпарастӣ мекунад, мунташир намуд. Навалний арзиши умумии амволи ровии телевизионро 1 млрд. рубл арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки маълумот доир ба амволи Соловёв пештар ҳам […]

Asia-Plus

Сиёсатмадор ва муассиси Фонди мубориза бо коррупсия (ФМК) Алексей Навалний натиҷаҳои тафтиш дар бораи амаволи ровии маъруфи телевизиони Русия Владимир Соловёвро, ки продюсери маъруфи Русия, зодаи Тоҷикистон Табриз Шаҳидӣ ӯро сарпарастӣ мекунад, мунташир намуд.

Навалний арзиши умумии амволи ровии телевизионро 1 млрд. рубл арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки маълумот доир ба амволи Соловёв пештар ҳам маълум буда, лекин баъзе маълумотҳо бори аввал нашр мешаванд. Дар ин бора «Дождь» хабар медиҳад.

Ба навиштаи «Новая газета», соли 2010 шаҳрдории Маскав хонаи майдонаш 160 метрро дар кӯчаи Долгоруковский ба маблаги 2,5 млн. рубл ба Соловёв фурӯхтааст. Соли 2007 Соловёв боз дар ҳамин бино ду хонаи дигар харида, майдони амволро то 450 метри мураббаъ зиёд кардааст. ФМК амволи ровиро дар кӯчаи Долгоруковский 250 млн. рубл баҳо додааст.

Гуфта мешавад, бинои чорошёна назди Переделкинои вилояти Маскав бо майдони 1046 метри мураббаъ низ ба Соловёв тааллуқ дошта, нархи он аз ҷониби ФМК 400 мл. рубл арзёбӣ мешавад.

Фонди Навалний ҳамчунин доир ба бӯстонсаро (вилла)-и Соловёв дар кӯли Комои Италия низ маълумот дода, дорои шаҳодатномаи резиденти Италия будани ровии телевизионро низ ошкор кардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.