Навбатгирии шабона дар Маскав барои харидани iPhone 8

Дар назди фурӯшгоҳи маъруф ба ГУМ-и шаҳри Маскав барои харидории смартфонҳои нави Apple iPhone 8, ки фурӯши онҳо субҳи имрӯз оғоз мегардад, навбатгирӣ оғоз гардид. Дар сомонаи расмии фурӯшгоҳи ГУМ дар ин робита қайд мешавад, ки фурӯши ин навъи смартфонҳо расман соати 10:00 ба вақти Маскав оғоз мегардад. Ба иттилои Life, навбатгирӣ назди фурӯшгоҳ ҳанӯз […]

Asia-Plus

Дар назди фурӯшгоҳи маъруф ба ГУМ-и шаҳри Маскав барои харидории смартфонҳои нави Apple iPhone 8, ки фурӯши онҳо субҳи имрӯз оғоз мегардад, навбатгирӣ оғоз гардид. Дар сомонаи расмии фурӯшгоҳи ГУМ дар ин робита қайд мешавад, ки фурӯши ин навъи смартфонҳо расман соати 10:00 ба вақти Маскав оғоз мегардад.

Ба иттилои Life, навбатгирӣ назди фурӯшгоҳ ҳанӯз шоми рӯзи 29 сентябр оғоз гардида, наздики 100 нафар тасмим гирифтаанд, ки тамоми шаб оғози фурӯшро интизор мешаванд.

Бино ба маълумоти Reuters, рӯзи аввали фурӯши iPhone 8 дар ИМА, Австралия, Британияи Кабир ва кишварҳои Осиё ин қадар харидорони зиёде мушоҳида нашудааст, ки дар рӯзҳои аввали фурӯши навъҳои пешинаи смартфонҳои Apple ба назар расида буд.

Қобили зикр аст, ки санаи 12 сентябр ширкати амрикоии Apple якбора се навъи нави телефонҳои ҳушманди худ, маъруф ба "айфон"-ро муаррифӣ кард. Зикр гардид, ки iPhone 8 ва iPhone 8 Plus аз 699 то 799 доллар, вобаста ба ҳаҷми хотираашон фурӯхта мешаванд. Ҳар се навъи телефонҳо бе сим нерӯ мегиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.