Эҳтимоли ҷойгиркунии пойгоҳи низомии дуюми Русия дар Қирғизистон

Намояндагони Русия ва Қирғизистон дар бораи ҷойгир кардани пойгоҳи низомии дуюм дар минтақаи ҷанбуии Қирғизистон гуфтушунид доранд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар мусоҳиба бо расонаҳои Русия гуфтааст, Қирғизистон бар ин назар аст, ки барои таъмини на танҳо Қирғизистон, балки тамоми минтақа бояд дар ҷануб як пойгоҳи низомӣ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Намояндагони Русия ва Қирғизистон дар бораи ҷойгир кардани пойгоҳи низомии дуюм дар минтақаи ҷанбуии Қирғизистон гуфтушунид доранд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар мусоҳиба бо расонаҳои Русия гуфтааст, Қирғизистон бар ин назар аст, ки барои таъмини на танҳо Қирғизистон, балки тамоми минтақа бояд дар ҷануб як пойгоҳи низомӣ ҷойгир карда шуда, аммо дар ҳоли ҳозир тасмими қатъӣ гирифта нашудааст ва ҳанӯз дар ин маврид гуфтугӯҳо идома доранд.

Гуфта мешавад, сарвазири Қирғизистон ба суоли рӯзноманигорон дар бораи он ки "президент Алмосбек Отамбоев пештар гуфта буд, ки Русия метавонад дар Қирғизистон пойгоҳи дувумашро дар марз бо Тоҷикистон ҷойгир созад. Оё дар ин бора бо ҷониби Русия музокирот оғоз шудааст?", чунин посух гуфт, "дар сатҳи вазирон оиди ин мавзуъ машварат идома дорад".

Зикр мегардад, кеи ҳафтаи гузашта сарвазири Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Русия рафта, бо мақомоти он кишвар, аз ҷумла ҳамтои русаш Дмитрий Медведев мулоқот кард.

Дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Канти вилояти Чуйи Қирғизистон соли 2003 пойгоҳи низомии Русия таъсис шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.