Кумитаи дин: комиссияҳо ба гирифтани ғизо аз маъракаҳо ҳуқуқ надоранд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор медорад, ки намояндагони комиссияҳои ҷамъиятӣ ба гирифтани ғизо аз дастурхони маъракаҳои ҷашну маросим ҳуқуқ надоранд.

Сухангӯи Кумита Афшин Муқимов дар ин робита қайд кард, ки аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ танҳо метавонанд ҷиҳати пешгирии исрофкории беҳуда дар маъракаҳои тӯй ва азодорӣ, ҳамчунин дигар маросимҳо бо мардум суҳбатҳо гузаронида, зараровар будани онро шарҳ диҳанд.

Чанде пеш васоити ахбори умум хабар доданд, ки мақомоти шаҳри Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои ба муносибати арӯсӣ омодашуда дар хонаи сокини ҷамоати Даҳана Зайдулло Худоёровро мусодира карда, ба як бемористони рӯҳӣ ҳадя намудааст.

Мақомот гуфтаанд, ки таҳияву тақдими ширинӣ дар маросими омодагиҳо ба арӯсӣ хилоф бо муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аст.​ Ҳарчанд нисбат ба хонаводаи арӯс санад тартиб дода шуд, ба хотири дар марҳилаи пеш аз вайрон шудани қонун содир шудани он, ин хонаводаро ҷарима набастаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, ин оила муқаррароти моддаи 10, қисми 2-и қонуни танзимро риоя накардааст, ки дар он баргузории маросимҳои ноншиканон, модарталабон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, роҳбандон манъ карда мешавад.

«Оилаи Зайдулло Худоёров барои зиёфат дар хонаи домод кулчаҳои махсус ва ҳалво пухтааст, ки ин нақзи қонун аст, – иброз дошт ӯ. – Вале дар ҳамин ҳолат ҳам ҳеҷ касе ба мусодираи ғизо ҳақ надорад ва ин амал сурат ҳам нагирифтааст».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...