Дар Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд

Бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд дар Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, фонди мазкур имконият медиҳад, ки дастрасии устувори дарозмуддат барои бозтамвили дохилӣ бо асъори миллӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Гуфта мешавад, илова бар ин, Фонд […]

Asia-Plus

Бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд дар Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, фонди мазкур имконият медиҳад, ки дастрасии устувори дарозмуддат барои бозтамвили дохилӣ бо асъори миллӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Гуфта мешавад, илова бар ин, Фонд механизми самаранок ва шаффоф барои ҷалби маблағҳои иловагӣ аз донорҳо ва сармоягузороне мебошад, ки барои рушди минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон маблағгузорӣ ё сармоягузорӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Фонди бозтамвил расман д 7 июни соли 2017 ар Кумитаи андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бонки Миллии Тоҷикистон ва Вазорати адлия барои пешбурди фаъолияти Фонди бозтамвил ба муҳити ҳуқуқии кишвар тағйирот ворид намуда, 19 сентябри соли 2017 «Фонди бозтамвил» соҳиби иҷозатнома гардид.

Санаи 4 октябри соли 2017 дар маҷлиси муштараки донорҳо ва таъсисдиҳандаи Фонди бозтамвил Шӯрои сарпарастон- (аз ҷониби номзадҳои Ҳукумати Тоҷикистон, Шӯрои донорҳои рушд ва ҷомеаи бонкии Тоҷикистон) роҳбари Фонди бозтамвил таъин карда шуд. Фонди бозтамвил муассисаи устувор мебошад, ки рушди иқтисодиёт, соҳибкории хурду миёна, минтақаҳои деҳот ва аҳолии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Ташкил ва фаъолияти Фонди бозтамвил бо дастгирии Бонки Олмонии Рушди (KfW) дар чаҳорчӯбаи ҳамкории минтақавии молиявии Олмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) маблағгузорӣ карда мешавад, инчунин бо дастгирии иловагии Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.