Таассуроти омӯзгорони русиягӣ аз як моҳи кор дар мактабҳои Тоҷикистон

Лилия ГАЙСИНА,

Як моҳ пеш 30 нафар омӯзгорони рус, ки барои кор аз Русия ба Тоҷикистон омада буданд, ба кор дар мактабҳо пардохтанд. Чанд рӯз қабл онҳо аз таассуроти худ бо сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов суҳбат карданд, рӯзноманигорон ҳам дар ин вохӯрӣ ҳузур доштанд.

Ба вохӯрӣ бо сафир қариб ҳамаи муаллимони русиягӣ, ки муддати як сол дар мактабҳои Тоҷикистон кор мекунанд, ҳозир шуданд.

Игор Лякин-Фролов хеле зиёд аз ҳамкории хуб роҳандозишудаи Тоҷикистону Русия ҳарф зада, сипас зимоми суханро омӯзгорон ба даст гирифтанд, ки инро интизор буданд.

– Шумо ба мо фаҳмонед, ки он китобҳои дарсии аз ҷониби Русия ба Тоҷикистон фиристодашуда куҷоянд? Чаро онҳо дар мактабҳое, ки мо кор мекунем, нестанд?, – савол дод омӯзгори аввал.

– Шумо медонед, ки дар мактабҳои тоҷикӣ китобҳои дарсӣ нестанд, яъне мутахассисон омадаву хоҳиши кор кардан доранд ва кӯдакон ҳам хоҳиши таҳсил дошта, вале мо чизе надорем, ки бо он кор кунем. Ин ҷо мо дар бораи адабиёти кумакрасон, дастурҳои методӣ ва ғайра чизе намегӯем, китобҳои дарсии оддӣ намерасад, китобҳои мавҷуда бошанд, барномаи солҳои 80-уманд. Ин хандаовар аст: мо бояд аз таҷрибаи муосири Русия табодул кунем, вале дар дасти мо китобҳои дарсии замони шӯравӣ ҳаст, ки аз рӯи онҳо ҳозир касе таълим намедиҳад», – иброз дошт омӯзгори дигар.

Ғайр аз ин, омӯзгорони русиягӣ изҳор доштанд, ки дар синфҳои таълимашон забони тоҷикӣ баъзан бо китобҳое дарс дода мешавад, ки барои хонандагони забони модариашон русӣ пешбинӣ шудааст.

– Бо ин тарз онҳо ҳеҷ гоҳ забонро омӯхта наметавонанд, зеро хеле душвор аст. Барои онҳо китобҳои дарсии тамоман дигар лозим аст, – гуфтанд муаллимон.

Сипас навбат ба омӯзгорони фанни кимиё (химия) расид.

– Шумо огаҳед, ки дар мактабҳои Тоҷикистон озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо) комилан холианд. Агар чизе ҳам бошад, истеҳсоли солҳои 60-уми асри гузашта аст. Бо ин ҳол мо чӣ гуна бо кӯдакон кор кунем? – зикр карданд омӯзгорон.

Маълум шуд, ки дар мактабҳои маҳаллӣ ба он умедвор будаанд, ки муаллимони Русия аз фанни кимиё ҳама чизи зарурии корҳо дар озмоишгоҳҳро бо худ меоранд…

«Аз ҳама ин мушкилот мо огаҳем»

Мутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобоев ба «Азия-Плюс» дар шарҳи ин масъала гуфт, ҳақиқатан ҳам дар мактабҳои пойтахт камбуди китобҳои дарсӣ вуҷуд дорад, вале танҳо барои синфҳои таълимашон бо забони русӣ, синфҳои тоҷикӣ комилан бо китобҳои дарсӣ таъминанд.

– Ҳар як китоби дарсӣ барои 3 сол пешбинӣ шуда. баъдан миқдори нави он нашр мешавад. Аслан нашри китобҳои дарсӣ аз ҳисоби волидони хонандагон сурат мегирад: онҳо ба мактаб пул супорида, мо китоби нав чоп мекунем. Дар масъалаи китобҳои дарсӣ барои синфҳои русӣ мо мушкилӣ дорем, – иброз дошт номбурда.

Дар робита ба таъмини озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот Бобоев қайд кард, ки ин ба салоҳияти худи мактабҳо дохил аст.

– Дар кишвари мо маблағгузории сарикасӣ аст. Барои ҳар як хонанда дар як сол 809 сомонӣ ҷудо мешавад, яъне буҷети мактаб ба шумори хонандагон вобаста аст. Мо ин маблағро ҷудо карда, сипас раҳбарияти мактаб мустақилона онро барои эҳтиёҷоти худ тақсим мекунад, аз ҷумла барои таъмини озмоишгоҳ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, – гуфт ӯ.

Директорони муассисаҳои таълимӣ низ тасдиқ мекунанд, ки дар мактабҳои шаҳр норасоии китобҳои дарсӣ ва реактивҳо ҷой дорад.

– Ман ҳатто дар хотир надорам, ки кай бори охир мактаби мо барои кабинети кимиё чизе гирифта бошад. Ин шояд аввал ё нимаи солҳои 80-ум буд. Дар кабинетҳои биология ва физика низ аҳвол ҳамин тавр аст, – гуфт яке аз директорони мактаби маъмулии буҷетӣ дар Душанбе. – Маблағҳои аз ҷониби давлат ҷудошуда ба мо барои ин корҳо кофӣ нест, зеро таҷҳизотро метавон танҳо аз хориҷа харид – дар Русия ё Қазоқистону Ӯзбекистон. Барои ин ба он ҷо рафтан лозим аст, барои як худи хароҷоти сафараш пули зиёд меравад.

… Фаҳмост, ки дар асри XXI фаъолияти мактаб бидуни заминаи муосири моддӣ хеле душвор мебошад. Чизи дигар бештар нигаронкунанда аст. Ҳамаи омӯзгорони русиягиро мо кӯшиш кардем, ки ба мактабҳои беҳтарини Тоҷикистон ба кор фиристем ва маълум шуд, ки он тавре ки мо фикр мекунему аз номҳои ҳангомадорашон бармеояд, вазъ дар ин мактабҳо (бо каме истисно) начандон қаноатбахш аст, Пас дар дигар мактабҳо, ба гунаи мисол дар ноҳияҳои Муъминобод ё Восеъ вазъ ва таҳсили кӯдакон чӣ гуна аст? 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...