Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистонба номи Талабшо Сатторов ба муносибати 10-солагии «Рӯзи фалак» эълон шудани санаи 10 октябр ва дар доираи Соли ҷавонон шоми иҷрои фалак бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассиса доир мегардад; – Дар «Боғи Ирам» соати 09:00 фестивали ҳунармандии сайёҳӣ баргузор мешавад; – Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор миёни дастаҳои Тоҷикистон […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистонба номи Талабшо Сатторов ба муносибати 10-солагии «Рӯзи фалак» эълон шудани санаи 10 октябр ва дар доираи Соли ҷавонон шоми иҷрои фалак бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассиса доир мегардад;

– Дар «Боғи Ирам» соати 09:00 фестивали ҳунармандии сайёҳӣ баргузор мешавад;

– Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Непал вохӯрии даври интихобии Ҷоми Осиё оид ба футбол баргузор мешавад. Оғоз соати 18:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7959 сомонӣ;

1 евро – 10.3317 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1487 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи фалак

1948 — Дар Сталинобод Спартакиадаи I-уми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна доир гардид.

2005 — Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (Париж).

2013 — Дар қаламрави Ӯзбекистон қатораи хатсайри Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор гардид. Дар қатора 200 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ва якчанд нафар афсарон ҳузур доштанд, ки ба шимоли кишвар сафар доштанд.

1898 – Зодрӯзи олим, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Вячеслав Прокофевич Красичков.

1900-1970 – Мавлуди шоир Саидалӣ Вализода.

1912 – Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов.

1921 – Мавлуди доктори илмҳои геологӣ-минералогӣ, академики АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Рауф Баротов.

1932 – Зодрӯзи доктори илмҳои физикаву математика, академики АИ Тоҷикистон, профессор Абдуҳамид Ҷӯраев.

1936 – Мавлуди ҳуқуқшинос Тошӣ Сангинов.

1939-1977 – Зодрӯзи актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов.

1939-1984 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мастибек Паллаев.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми филологӣ Фарҳод Зикриёев.

1940-1999 – Мавлуди олим Ҳаким Ойматов.

1946 – Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким.

1977 – Мавлуди муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +7+12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +26+28.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +20+22.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.