Боздошти тоҷир барои қочоқи мол ба маблағи 220 ҳазор доллар

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ширкати «Сармад 2000»-ро ба расонидани зиён ба буҷет дар ҳаҷми ниҳоят зиёд айбдор медонад. Ширкат ба воридоти ғайриқонунии мол ба ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 2 млн. сомонӣ (қариб 220 ҳазор доллар) муттаҳам карда мешавад. Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, кормандони ин ниҳод дар ҳамдастӣ бо намояндагони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ молики ширкати «Сармад […]

Asia-Plus

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ширкати «Сармад 2000»-ро ба расонидани зиён ба буҷет дар ҳаҷми ниҳоят зиёд айбдор медонад. Ширкат ба воридоти ғайриқонунии мол ба ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 2 млн. сомонӣ (қариб 220 ҳазор доллар) муттаҳам карда мешавад.

Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, кормандони ин ниҳод дар ҳамдастӣ бо намояндагони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ молики ширкати «Сармад 2000» Абдуҷалил Қаҳҳоровро боздошт кардаанд, ки ӯ ба даст доштан дар қочоқи молу маҳсулоти ниёзи мардум ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёд гумонбар дониста мешавад.

Ширкат бо истифода аз автомашинаи боркаши бузургҳаҷм ба қочоқи 27 номгӯи маҳсулот – таҷҳизоту техника ва сарулибоси гуногун аз Чин машғул будааст.

Роҳбари ширкат тибқи маслиҳати пешакӣ бо шариконаш тавассути гузаргоҳи «Кулма» молҳои зикршударо ворид намуда, дар ҳуҷҷатҳо онро нуриҳои минералӣ нишон медодааст, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ин маҳсулот аз пардохти боҷи содиротӣ озод аст.

Дар ҳамин ҳол, мол ба нуқтаҳои таъиноти дар ҳуҷҷатҳо зикршуда интиқол наёфта, ба анборҳои ширкат дар ноҳияи Рӯдакӣ оварда мешудааст, ки минбаъд мақомот онро дар ҳамин аборҳо ошкор кардаанд.

Гуфта мешавад, нисбати Абдуҷалил Қаҳҳоров мутобиқи моддаи 289, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қочоқ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳ, ба айбдоршаванда то 5 сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Ба тафтиши ин далел Прокуратураи генералӣ машғул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.