Дар иҷрои уҳдадориҳои раёсат дар ИДМ Лавров ба Тоҷикистон комёбӣ орзу кард

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 10 октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочи иштирок кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ ҶТ, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуда, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, аз ҷумла,  масъалаҳои марбут ба дастгирии институти оила ва арзишҳои анъанавии оилавӣ, мукаммалсозии фаъолияти ИДМ ва мутобиқсозии он ба воқеияти муосир, таъин намудани муассисаҳои заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаҳои алоҳида ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуда, оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВКХ Русия, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ҳудуди 20 масъаларо фаро гирифта, қариб нисфи он ҷиҳати тасдиқ ба Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳод дода мешавад, ки ҷаласаи он имрӯз дар назар аст.

Зимни суханронӣ дар нишасти хабарии муштарак аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор доштааст, ки аз 1 январи соли оянда раёсат дар ИДМ ба зиммаи Тоҷикистон вогузор мешавад. «Мо ба дӯстони тоҷики худ дар амалисозии ин уҳдадориҳо комёбӣ хоҳонем ва дар сурати зарурат омодаем, ки ба онҳо ҳамаҷониба кумак кунем», – иброз доштааст Лавров.

Мутобиқи қарори қабулшуда, ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 6 апрели соли 2018 дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...