Омодагии нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола шиносномаи омодагӣ гирифт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», комиссия таҳти сарварии намояндаи ширкати «Интер РАО» аз рӯи натиҷаҳои санҷиши маҷмӯавӣ камбуду ноқисиҳоро дарёфт накардааст ва иҷрои шартҳои асосиву иловагии омодагӣ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистонро тасдиқ намудааст.

Гуфта мешавад, комиссия омодагии таҷҳизоту дастгоҳҳои нерӯгоҳ, иҷрои корҳои таъмири ҷорӣ, кор бо ҳайати шахсӣ, баргузории машғулиятҳо, таъмини коргарон бо сарулибоси махсус, вазъи бехатарӣ ва истифодаи биноҳову иншоот, таҷҳизоти нерӯгоҳ ва ғайраро мавриди санҷиш қарор додааст.

«Санҷиши омодагии нерӯгоҳ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳамасола, шурӯъ аз соли 2012 сурат гирифта, барои таъмини кори пурсамар ва боэътимоди нерӯгоҳ дар давраи сарбории аз ҳама бештар зарур аст, ки дар навбати худ, истеҳсол ва интиқоли мунтазаму босуботи нерӯи барқ ба он вобаста аст», – омадааст дар маълумоти нерӯгоҳ.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» то 12% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...