Билети хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошканд боз арзон шуд

Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» арзиши билети хатсайри Душанбе – Тошкандро боз поин бурд. Нархи билет беш аз 100 сомонӣ камтар шуда, ба як самт – 910 сомонӣ ва рафту бозгашт – 1585 сомониро ташкил медиҳад.

Намояндаи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар Душанбе Ориф Рӯзимуродов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали моҳи октябр ҷониби Ӯзбекистон нархи билети хатсайри Душанбе – Тошкандро то 1010 сомонӣ поин бурда,  акнун боз 100 сомонии дигар – то 910 сомонӣ кам кард. Раҳбарияти ширкат тасмими мазкурро ҷалби ҳарчи бештари мусофирон унвон мекунад.

Дар робита ба имкони аз фурудгоҳи Тошканд ба шаҳрҳои дигар парвоз кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, дар намояндагии ширкати ӯзбекистонӣ изҳор намуданд, ки дар минтақаи транзити фурудгоҳи Тошканд мусофирони тоҷик метавонанд бидуни раводид 24 соат ҳузур дошта бошанд.

«Дар ярмаркаҳои сайёҳӣ, ки нимаи аввали моҳи октябр дар Тошканду Душанбе доир гардиданд, тасмим гирифта шуд, ки барои сафарҳои инфиродиву оилавии серӯзаву чоррӯза дар ҳарду кишвар барномаҳо таҳия шаванд», – қайд кард Рӯзимуродов.

Ёдрас мекунем, ки парвози нахустин тариқи ин хатсайр санаи 11 апрели соли равон сурат гирифта, ширкати ӯзбекистонӣ ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ин парвозҳоро анҷом медод, вале баъдан танҳо як парвоз рӯзи сешанбе сурат мегирад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода сабаби камшавии шумори парвозҳо тавассути ин хатсайрро кам будани мусофирон унвон кард ва қаблан дар худи ширкати ҳавопаймоӣ низ ҳамин сабабро зикр карда буданд.

Парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистонро бояд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба анҷом мерасонид, вале ҳоло ин парвозҳо оғоз нагардидааст.

«Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо омодагӣ гирифта, ба корҳои сабти намояндагии худ дар Тошканд машғул аст ва агар талаботи кофии мусофирон пайдо шавад, шояд ширкат ба анҷоми парвозҳо оғоз намояд», – гуфта буд вазир.

Қобили зикр аст, ки қаблан арзиши билет ба самти Тошканд ба 1230 сомонӣ (140 доллар) баробар буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...