Муҷозоти волидон дар Ёвон барои хонадор кардани ноболиғон

Asia-Plus

Суди ноҳияи Ёвон нисбати се нафар волидон барои дидаву дониста хонадор кардани ноболиғон ҳукм содир намуд. Домоди 17-сола низ ҷазо гирифт.

Волидони домод С.Шарипов ва Д.Абдуллоева, ҳамчунин модари арӯси ноболиғ Н.Саъдиева барои он муҷозот шудаанд, ки моҳи октябри соли 2016 дидаву дониста фаразандони ноболиғашонро хонадор кардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, онҳо дидаву дониста, ки писарашон Шарипов У.С. соли таваллудаш 2 майи 1999 ноболиғ мебошад бо ноболиғ Раҳимова Н.У. соли  таваллудаш 21 феврали 2000 ҳануз ба синни никоҳӣ нарасидааст, бе қайди дахлдор дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Ёвон  моҳи октябри соли 2016 онҳоро никоҳи мусулмонӣ намуда оиладор намудаанд.

«Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон ба Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р. ва Садиева Н.В.  ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мухлати 1 сол бо нигоҳ доштани 20 % музди меҳнат ва ба Шарипов У.С. ҷазо дар намуди корҳои  ҳатмӣ ба муҳлати 140 соат таъин таъин карда шуд», – омадааст дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2011 тағйирот ба Кодекси оилаи Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта, мувфиқи он, синни никоҳи духтарон аз 17 ба 18-сола тағйир дода шуд. Ин тағйирот аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 21 июли соли 2010 тасдиқ шуда буд.

То қабули ин тағйирот синнусол барои никоҳ 17-сола муқаррар шуда, дар баъзи ҳолатҳои истисноӣ дар синни 16-солагӣ низ ба духтарон барои ба шавҳар баромадан иҷозат дода шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...