Боздошти декани яке аз мактабҳои олӣ зимни порагирӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ декани яке аз факултетҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Ҳабибулло Салимовро зимни 5 ҳазор сомонӣ пора гирифтан боздошт намуданд. Тавре дафтари матбуоти Агентӣ иттилоъ медиҳад, декан барои дохил намудани як сокини пойтахт ба гурӯҳи буҷетии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ аз ӯ 5 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Гуфта […]

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ декани яке аз факултетҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Ҳабибулло Салимовро зимни 5 ҳазор сомонӣ пора гирифтан боздошт намуданд.

Тавре дафтари матбуоти Агентӣ иттилоъ медиҳад, декан барои дохил намудани як сокини пойтахт ба гурӯҳи буҷетии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ аз ӯ 5 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Гуфта мешавад, декани факултет ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ дар дохили автомашинаи тамғаи «Инфинити-130» дастгир гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ҳабибулло Салимов бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳ, ӯро ҷазои аз 5 то 8 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян ё фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол интизор аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.