Роҳсозони ИДМ 3 рӯз меҳмони Душанбе мешаванд

Date:

Рӯзҳои 9-11 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахуст Анҷумани роҳсозони кишварҳои узви ИДМ, сипас ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии кормандони соҳаи роҳу нақлиёти ИДМ ва дар хотима таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ барои бахши роҳсозӣ» конфронси илмӣ-амалӣ доир мегардад.

Бино ба иттилои котиботи Шӯрои байниҳукуматии кормандони соҳаи роҳу нақлиёти ИДМ, дар ин чорабиниҳо наздики 300 нафар кормандони соҳаи нақлиёту роҳсозии кишварҳои узви ИДМ иштирок карда, масоили мушкилоти рушди бахши роҳу нақлиёти кишварҳои узви Иттиҳод дар марҳилаи муосирро баррасӣ ва аз нақшу фаъолияти Шӯрои мазкур натиҷагирӣ мешавад.

Ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими вазъи имрӯза ва дурнамои рушди бахши роҳсозиу нақлиёт ва густариши ҳамкориҳои мутақобилаву бисёрҷониба дар ин самт табодули назар сурат гирифта, аз рӯи натиҷаи чорабиниҳо санадҳои дахлдор ва муроҷиатномаи анҷуман ба унвони сарони кишварҳои узви Иттиҳод қабул хоҳад шуд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...