Роҳсозони ИДМ 3 рӯз меҳмони Душанбе мешаванд

Рӯзҳои 9-11 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахуст Анҷумани роҳсозони кишварҳои узви ИДМ, сипас ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии кормандони соҳаи роҳу нақлиёти ИДМ ва дар хотима таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ барои бахши роҳсозӣ» конфронси илмӣ-амалӣ доир мегардад. Бино ба иттилои котиботи Шӯрои байниҳукуматии кормандони соҳаи роҳу нақлиёти ИДМ, дар ин чорабиниҳо наздики 300 нафар кормандони соҳаи […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 9-11 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахуст Анҷумани роҳсозони кишварҳои узви ИДМ, сипас ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии кормандони соҳаи роҳу нақлиёти ИДМ ва дар хотима таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ барои бахши роҳсозӣ» конфронси илмӣ-амалӣ доир мегардад.

Бино ба иттилои котиботи Шӯрои байниҳукуматии кормандони соҳаи роҳу нақлиёти ИДМ, дар ин чорабиниҳо наздики 300 нафар кормандони соҳаи нақлиёту роҳсозии кишварҳои узви ИДМ иштирок карда, масоили мушкилоти рушди бахши роҳу нақлиёти кишварҳои узви Иттиҳод дар марҳилаи муосирро баррасӣ ва аз нақшу фаъолияти Шӯрои мазкур натиҷагирӣ мешавад.

Ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими вазъи имрӯза ва дурнамои рушди бахши роҳсозиу нақлиёт ва густариши ҳамкориҳои мутақобилаву бисёрҷониба дар ин самт табодули назар сурат гирифта, аз рӯи натиҷаи чорабиниҳо санадҳои дахлдор ва муроҷиатномаи анҷуман ба унвони сарони кишварҳои узви Иттиҳод қабул хоҳад шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ