Туҳфаи нави Сардор Раҳдор ба дӯстдорони шеъри шуғнонӣ-рӯшонӣ

Ашъори бештар писандидаи шоир ва журналисти маъруф Сардор Раҳдор дар маҷмӯаи нав гирдоварӣ шуданд. Ин китоб санаи 4 ноябр ба муносибати 65-солагии шоир дар Маркази исмоилияи Душанбе муаррифӣ шуд. Дар ин маросим сиёсатмадорону дипломатҳо, ҳунармандону рӯзноманигрон ва дӯстдорони назм ҳузур доштанд. Аз осори шоир шеърҳо қироат шуда, сурудҳои ӯ аз ҷониби овозхонони маъруфе чун Нобовар […]

Наим Халимов

Ашъори бештар писандидаи шоир ва журналисти маъруф Сардор Раҳдор дар маҷмӯаи нав гирдоварӣ шуданд. Ин китоб санаи 4 ноябр ба муносибати 65-солагии шоир дар Маркази исмоилияи Душанбе муаррифӣ шуд.

Дар ин маросим сиёсатмадорону дипломатҳо, ҳунармандону рӯзноманигрон ва дӯстдорони назм ҳузур доштанд.

Аз осори шоир шеърҳо қироат шуда, сурудҳои ӯ аз ҷониби овозхонони маъруфе чун Нобовар Чаноров, Шуҳрат Сайнаков ва дигарон ба иҷро расиданд.

Китоб аз шеъру тарона, дубайтиҳо, қиссаву сурудҳое иборат аст, ки Сардор Раҳдор тӯли чандин сол онҳоро таълиф кардааст. Ҳамчунин дар маҷмӯъа зарбулмасалу мақолҳое низ гирдоварӣ шудаанд, ки миёни мардуми он сарзамин маъруф аст.

Қаблан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Сардор Раҳдор дар ин робита изҳор намуда буд, ки кӯшидааст дар ин маҷмӯа осореро баргузинад, ки бо афкори хурдсолону кӯдакон созгор бошанд ва ҳамчунин панду насиҳатҳое дар он ҷой дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ