Сафарбарии 85 прапоршикҳои ҷавон ба марзбонӣ

Дар Рӯзи ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон – 6 ноябр дар маркази таълимии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёдкунии 85 нафар прапоршикҳои ҷавон доир гардид, ки ба сафҳои марзбонони ҷумҳурӣ мепайванданд. «Прапоршикҳои ҷавон баъди хатми давраҳои омӯзишии махсус савганд ёд карда, ба хизмати минбаъда дар посгоҳу дидбонгоҳҳои дурдасти ҷумҳурӣ таъинот гирифтанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» […]

Asia-Plus

Дар Рӯзи ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон – 6 ноябр дар маркази таълимии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёдкунии 85 нафар прапоршикҳои ҷавон доир гардид, ки ба сафҳои марзбонони ҷумҳурӣ мепайванданд.

«Прапоршикҳои ҷавон баъди хатми давраҳои омӯзишии махсус савганд ёд карда, ба хизмати минбаъда дар посгоҳу дидбонгоҳҳои дурдасти ҷумҳурӣ таъинот гирифтанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари прапоршикҳои ҷавон ҳамчунин 370 нафар наваскарони Қушӯнҳои сарҳадӣ низ ба адои қарзи ҳарбӣ ва хизмат ба Ватан савганд ёд карданд.

Прапоршикҳои ҷавон ва наваскаронро бо қабули савганд фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, марзбонони собиқадор ва волидони онҳо табрику таҳният гуфтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ