Идораи роҳи оҳан муҳоҷирони дар Оқсарой дармондаро ба ватан меорад

Зарина Эргашева, Asia-Plus

Беш аз 1 ҳафта боз муҳоҷирони тоҷики қатораи Маскав – Душанбе, ки дар истгоҳи Оқсарой-1 дар марзи Русия ва Қазоқистон аз қатора фароварда шуда буданд, ба хонаҳояшон баргашта наметавонанд.

Идораи «Азия-Плюс» ҳамеша бо муҳоҷирон дар тамос аст. Имрӯз масъалаи ба ватан фиристодани онҳо ҳал шуд. КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» онҳоро бепул ба ватан меорад.

Файзуллоев Орифҷон, яке аз ин муҳоҷирони дармонда мегӯяд, онҳо наздики 5 ҳазор рубл ҷарима пардохта, муддати ин рӯзҳо дар бинои истгоҳи Осарой-1 (Аксарайск-1, рӯи фарш зери назорати мақомоти ваколатдор мехобанд.

«Албатта, мо ба гуноҳи худ иқрор мешавем. Аксари мо ба қонунҳои муҳоҷират риоя накардем, ҳуҷҷатҳоямонро гум карда, саривақт хабар надодем ва дар ин ҳолат касеро гунаҳкор намекунем, лекин дар ин 8 рӯз хаста шуда, ба хонаҳоямон рафтан мехоҳем», – мегӯяд номбурда.

Ба қавли ӯ, занону кӯдаконро бо қатораи дирӯза ба ватан фиристода, дар ин ҷо аксари муҳоҷирон барои харидани билет то Душанбе пул надоранд.

Намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон Нодира Абдуллоева дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки тибқи қонунгузорӣ мақомоти ваколатдори Русия ба аз қатора фаровардани муҳоҷирон дар марз барои санҷиши иловагӣ ҳуқуқ доранд,

«Лекин ба ин миқдор хеле зиёд фаровардани муҳоҷиронро дар хотир надорам. Мо бо ҳамтоҳои худ дар Русия дар тамос шуда, ба онҳо ҳамроҳ кумак карданием. Муҳоҷирон ба мо занг мезананд, вазъи молиявиашон бад аст ва касоне, ки барои билетхарӣ пул надоранд, намедонанд чӣ кор кунанд», – мегӯяд ӯ.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамаи муҳоҷирони дар Оқсарой дармондаро бепул ба ватан бурда метавонад. Ин маълумотро ба «Азия-Плюс» Анвар Латифзода, сардори котиботи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ тасдиқ кард.

«Мо уҳдадор шудем, ки ҳамаи ҳамватанони аз қатораҳо фаровардаро бепул то Душанбе расонем. Баъди ҳаллу фасли пардохти ҷаримаҳо бо қатораи аввалин онҳо ба ватан фиристода хоҳанд шуд», – иброз дошт ӯ.

Намояндаи сафорат Сарвар Бахтӣ ҳамчунин хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид муҳлати маълумотномаҳои додашуда ба шаҳрвандони кишвар ба ивази ҳуҷҷатҳои гумшуда дароз карда мешаванд, то ки онҳо ба Тоҷикистон рафта тавонанд.

«Шаҳрвандони мо дар ин ҷо наздики 130 нафаранд. Мо кӯшиш дорем то ки судҳо ҳарчи зудтар дар мавриди шаҳрвандонамон қарорҳои худро содир кунанд. Барои ҳаллу фасли зудтари мушкилоти онҳо, кормандони мо ҳам бо шаҳрвандон ва ҳам бо мақомоти маҳаллӣ вохӯрданд. Бо анҷоми ҳамаи расмиёти зарурӣ шаҳрвандон ба ватан фиристода мешаванд», – афзуд намояндаи сафорат. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...