Омӯзгор ҳоли табоҳи мактабро нишон дода, ба кумаки вазири маориф умедвор аст

Муҳаммад Раззоқов, омӯзгори рақами 49-уми деҳаи Падрӯди ноҳияи Панҷакент бо як навори видео дар бораи ҳоли табоҳи мактаб ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид муроҷиат карда, аз ӯ дархост намуд, ки дар мавриди ин масъала чораҷӯӣ кунад. Муроҷиати Раззоқов дар сомонаи АИ «Sugdnews» нашр шудааст. Дар навори видео гуфта мешавад, дар ин мактаб […]

Sugdnews

Муҳаммад Раззоқов, омӯзгори рақами 49-уми деҳаи Падрӯди ноҳияи Панҷакент бо як навори видео дар бораи ҳоли табоҳи мактаб ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид муроҷиат карда, аз ӯ дархост намуд, ки дар мавриди ин масъала чораҷӯӣ кунад. Муроҷиати Раззоқов дар сомонаи АИ «Sugdnews» нашр шудааст.

Дар навори видео гуфта мешавад, дар ин мактаб 68 нафар хонадагони синфҳои ибтидоӣ таҳсил карда, бо сабаби камбуди ҷой, хонандагони синфҳои гуногун маҷбуранд, ки ҳамроҳ дарс хонанд, яъне синфи 1 бо синфи 3, синфи 2 бо синфи 4. Толибилмони синфҳои болоӣ то мактаби ҷамоати Падрӯд 4,5 километр роҳро пиёда тай мекунанд.

Раззоқов зикр мекунад, ки «раҳбарияти ноҳия ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи маориф борҳо ин ҷо омада, вале ягон кумаке карда натавонистанд».

Мактаби мазкур бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ замони шӯравӣ сохта шуда, баъди он то ҳол рӯи таъмирро надидааст.

Акнун омӯзгорон ва сокинони деҳа ба кумаки ҳукумат умедворанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.