Масъалаи гузоштани пайкараи Ислом Каримовро дар Маскав ба раъйпурсӣ гузоштанианд

Вакилони ҳавзаи маъмурии Якиманкаи Маскав ҷиҳати мутаваққиф кардани корҳои бунёди муҷассамаи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар гулгашти ҳамном дар Полянка ба ҳукуматдорони пойтахти Русия муроҷиат мекунанд. Раиси ҳавзаи маъмурии Якиманка Андрей Морев ба «Фергана» дар ин робита иттилоъ додааст, ки доир ба ин масъала дар ҷаласаи шӯрои вакилони ҳавза рӯзи 8 ноябр тасмим гирифта […]

Asia-Plus

Вакилони ҳавзаи маъмурии Якиманкаи Маскав ҷиҳати мутаваққиф кардани корҳои бунёди муҷассамаи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар гулгашти ҳамном дар Полянка ба ҳукуматдорони пойтахти Русия муроҷиат мекунанд.

Раиси ҳавзаи маъмурии Якиманка Андрей Морев ба «Фергана» дар ин робита иттилоъ додааст, ки доир ба ин масъала дар ҷаласаи шӯрои вакилони ҳавза рӯзи 8 ноябр тасмим гирифта шудааст.

Номбурда гуфтааст, ҳамчунин қарор шудааст, ки соли оянда миёни сокинони ҳавза доир ба муносибаташон ба ин масъала раъйпурсии маҳаллӣ гузаронида шавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар торнамои Change.org аризае таҳти номи "Зидди гузоштани пайкара барои президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар Москва" нашр шуд. Ташаббускори ин иқдом, узви ҳизби ЛПДР Георгий Городетский мегӯяд, дар пойтахти Русия пайкараи "русбадбин ва диктатор" Ислом Каримов гузошта нахоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, вай бар ин назар аст, Русия бояд барои "ӯзбекҳои бефарҳанг, ки бо русӣ навиштаву хонда наметавонанд, виза ҷорӣ кунад". Аз ин ариза бештар аз 6 ҳазор одам ҷонибдорӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки 1 ноябри соли 2016 раиси шаҳри Москва Сергей Собянин дар бораи гузоштани пайкараи Ислом Каримов дастур дод. Пайкара бояд то 31 декабри соли 2019 дар наздикии сафорати Ӯзбекистон дар Москва гузошта шавад.

Маблағи харҷи сохтани пайкараро дар ҳаҷми 35 миллион рубл ҷониби Ӯзбекистон ба зима гирифта, аммо корҳои сохтмонӣ ва кабудизоркунии атрофи пайкара аз ҳисоби буҷаи Москва амалӣ мешавад.

Бино бар иттилои мақомоти муҳоҷирати Русия, бештар аз 1 миллион 700 ҳазор ӯзбек дар Русия ба ҳайси муҳоҷир ҳузур доранд ва бештар аз 200 ҳазори дигар ба таври доимӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ