Адвокати «Умед-88»: Ширкат ҳамаро бо фоизҳояш медиҳад

Адвокати раҳбарияти ширкати «Умед-88» ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки зерҳимоягонаш ба баргардонидани қарзи аз давлат гирифтаашон бо фоизҳяш омодаанд. «Молики ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва директори ширкат Идибек Ибрагимов аз ҳисоби фурӯши амволи худу ширкат ба пурра пардохт кардани қарзи Вазорати молия дар ҳаҷми 171 млн. сомонӣ бо фоизҳояш омодаанд», – гуфт дар мусоҳиба ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Адвокати раҳбарияти ширкати «Умед-88» ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки зерҳимоягонаш ба баргардонидани қарзи аз давлат гирифтаашон бо фоизҳяш омодаанд.

«Молики ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва директори ширкат Идибек Ибрагимов аз ҳисоби фурӯши амволи худу ширкат ба пурра пардохт кардани қарзи Вазорати молия дар ҳаҷми 171 млн. сомонӣ бо фоизҳояш омодаанд», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» адвокати онҳо Абӯбакр Қулматов.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз ду нафари дар боло зикршуда дигар ҳеҷ касе аз кормандони ширкат боздошт нашуда, танҳо Саидмумин Одинаев, ҷияни Р.Одинаев, ки расман муассиси ширкат аст, таҳти баёноти тарк накардани манзил қарор дорад.

Маълумоти чанде аз васоити ахбори умум доир ба нисбати зерҳимоягонаш боз шудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далелҳои қочоқ ва ғайриқонунӣ гирифтани қарзро адвокат беасос унвон кард.

«Нисбати Одинаев ва Ибрагимов мутобиқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 246, қ. 3, банди «б» (дуздии воситаҳои ба сифати қарз гирифташуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) ва 295, қисми 2 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ки ба оқибатҳои вазнин боис гардид) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», – иттилоъ дод Қулматов.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки аз замони ҳабси Р.Одинаев ва И.Ибрагимов ширкати «Умед-88» ба Вазорати молия зиёда аз 33 млн. сомонӣ маблағро баргардонидааст.

«Имрӯз «Умед-88» ҷиҳати фавран ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун фиристодани бензин ба маблағи беш аз 3,5 млн. сомонӣ омода аст, – гуфт адвокат. – Раҷабалӣ Одинаев ва кормандони ӯ чандин маротиба изҳор доштанд ва ҳозир ҳам мегӯянд, ки ба баргардонидани қарзи гирифта бо фоизҳояш ба Вазорати молия омодаанд ва барои ин дархост доранд, ки онҳоро таҳти баёноти тарк накардани манзил аз боздоштгоҳ ҷавоб диҳанд».

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳанӯз моҳи июни соли гузашта Суди олии иқтисодии Тоҷикистон амволи ширкати «Умед-88»-ро беш аз 173 млн. сомонӣ баҳогузорӣ намуда, «бо дархости Вазорати молия онро таҳти ҳабс қарор дод».

«Баъди таҳти ҳабс қарор додани амволи ширкат, роҳбарони онро метавон ба ҳабс ҳам нагирифт», – чунин мешуморад адвокат.

Ӯ ҳамчунин овозаҳо миёни мардум дар бораи гӯё омодагии Раҷабалӣ Одинаев ба гурехтан аз Тоҷикистонро ғайривоқеӣ унвон кард.

«Аввали моҳи октябр Идибек Ибрагимов дар Душанбе боздошт шуда, дар ин вақт Одинаев дар Маскав буд ва чун аз боздошти ҳамкораш огоҳ шуд, 8 октябр тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Маскав ба Душанбе баргашт», – қайд кард Қулматов.

Адвокат қайд кард, ки нимаи моҳи октябр суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси пешакии Р.Одинаев ва И.Ибрагимов ба муҳлати ду моҳ иҷоза дода, эътирози адвокатро аз рӯи ин қарор, суди шаҳри Душанбе рад кард.

«Аз замони боздошти зерҳимоягонам ман ҳамагӣ се бор бо онҳо вохӯрдам ва он ҳам дар ҳузури кормандони фаврии тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО), ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон ба вохӯрии адвокатҳо бо зерҳимоягони худ танҳо ба танҳо ҳуқуқ медиҳад. Ғайр аз ин, сарфи назар аз иҷозати расмии Агентии зиддифасод, раҳбарияти тавқифгоҳи муваққатӣ на ҳама вақт ба вохӯрӣ бо зерҳимоягонам иҷозат медиҳад ва ба «боло» ишора мекунад», – изҳор дошт адвокат.

Қулматов ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз замони таъсис ширкати «Умед-88» ҳамаи қарзҳои қаблан гирифтаашро саривақт пардохт намуда, муддати тамоми фаъолият ба буҷети кишвар ба сифати андоз зиёда аз 2 млрд. сомонӣ маблағ пардохт кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ