Модари роҳбари ширкати «Умед-88» аз Сарвари давлат имдод хост

tojiki

Қандалиева Бибиҷон, модари роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев, ки айни замон дар боздоштгоҳи Саррраёсати иҷрои ҷазои Вазорат адлия нигнаҳдорӣ мешавад, бо номае ба Президенти Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз ӯ имдод хост:  

«Салому дуруди самимонаву беназиру модаронаи худро ба шумо Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз, фарзанди фарзонаву фархундаву номдору абармарди  тамоми модарони  тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мерасонам.

Пешвои муаззами Тоҷикистони азиз, аз шумо модарона хоҳиш дорам, ки ин номаи дардолуди маро ҳарф ба ҳарф, хат ба хат, дил ба дил, ҷон ба ҷон бихонед, то аз дарду андӯҳи як модари чашм ба роҳи фарзанд, ки чандест, ки аз ҳам зиндаҷудоем, огоҳӣ ёбед.

Шумо инсони бузургу фарзанди накӯрафтору накӯгуфторе ҳастед, ки мақому  манзалати модарон дар дилатон ҳамеша ҷойи алоҳида дорад. Шумо аз он ки модари азизи худро хеле зиёд дӯст медоштед ва бе як каф дуои сабзи ӯ, ки ҳамеша бароятон сабзҷониву  комёбӣ мехост, як қадам берун намерафтед, мо модарон эҳсос мекунем моро низ дар радифи модари худ медонед.

Чанд сол қабл тавассути телевизион суханронии Шуморо дар Ҷаласаи ботантанаи Иди Модар шунида будам, ки то ҳол дар ёдам мондааст. Шумо гуфтед: “Яке аз чунин ривоятҳо ба номи  Султон Увайси Қаронӣ, ки байни мардум ихлосмандони зиёд дорад ва ин қиссаро айёми наврасӣ аз модарам шунида будам алоқаманд мебошад : замоне модари Ҳазрати Султон бемор мешавад ва аз фарзанд об талаб мекунад. Вақте ки ӯ косаи обро гирифта вориди хона мегардад, хоби модар бурда буд. Субҳ модар чашм боз мекунад ва Ҳазрати Султонро  коса дар даст мебинад,  аз бими он ки шарфаи пояш модарро нороҳат насозад, тамоми шаб дар остонаи дар рост истода буд. Яъне тавассути ин ривоят Шумо ҳамагонро ҳушдор додед, ки модарро иззату эҳтиром  бояд кард, зеро  зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Гумон мекунам баъд аз шунидани суханронии пурарзишу пурмуҳтавои Шумо, фарзандон боз бештар ба модарашон арҷу  эҳтиром гузоштаанд.

Ин дӯстдориву эҳтироми беандозаи Шумо буд, ки бо хотири тамоми модарон санаи 8- Мартро ҳамчун Рӯзи Модар унвон додед, ки ин рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи Модар аст.

Ман низ модаре ҳастам,  ки баъди андешаҳои зиёд ба хулосае омадам,  бояд ба номи муборакатон нома ирсол намоям,ки танҳо Шумо метавонед ба оҳи дилишикастаи мани модар бирасед. Фарзанди ман Раҷабалӣ Одинаев тӯли 20 сол Роҳбари Ширкати “Умед 88-” роҳбарӣ мекард ва гумон мекунам, ки дар ин муддат  тавонист кӯмаки худро ба кишвари худ бирасонад.

Ман ҳамчун модар ҳис мекунам, ки фарзанди ман Раҷабалӣ дар тӯли кору фаъолияташ дар ин ҷода ин қадр бо ҷоннисорӣ ва сарсупурдагӣ ба кораш муносибат мекард ва ҳаргиз  ба роҳату фароғати худ намеандешид, яъне  ӯро ман ҳамин гуна тарбия кардаам, ки дар ҳар ҷодае бошад, масъулиятро эҳсос кунад, писари ман ҳамеша саъй мекард, ки корашро хуб анҷом бидиҳад, дасти дармондагон бигирад, ватанро ободу зебо бубинад.

Аммо дар зиндагӣ иллатҳое ҳастанд, ки мӯҷиби нофаҳмиву ногоҳии инсон мегарданд.  Ман дар ин нома  тасмим нагирифтаам,  ки фарзандамро таърифу тавсиф намоям,  қазияи ӯро сӯе мегузорам, фақат ба ҳайси як модар аз шумо таваллову тазарруъ мекунам, ки писарам то рӯзи  саршавии додгоҳ  озод карда шавад, то тавонад  қарзашро бигардонад ва  тавонам  аз дидори азизаш дар ин айёми пирӣ қудрату қувват бигирам, вагарна  пур аз армон аз дунё навмед меравам. Ман хуб медонам, ки Шумо ҳаргиз  наметавонед, касеро аз даргоҳи хеш ноумед кунед, ба вижа модари паршикастаеро, ки имрӯз  дурии фарзандаш ҳоли ӯро табоҳ кардааст.  Шумо бо родмардиву ҷасорату меҳрубониву авф намудан  дар олам намунаед, ки  баъзе сиёсатмадорони  дунё ба амалҳои накуятон пайравӣ мекунанд.

Фарзанд    баҳонаи будани модар  аст, хоҳ нек   асту хоҳ бад, аммо барои модар  чун ҷону ҷигар  азизу ширин аст, ба таъбири шоире ҳатто фарзанди нолоиқе, ки  дили модарро аз  синааш, биканад, ҳам, он пораи дил садо мебарорад: “Оҳ, дасти писарам ёфт харош, Оҳ пойи писарам хӯрд ба санг”, яъне модар ягона шахсест, ки ҳаргиз наметавонад ба фарзандаш хиёнат бикунад.

Ман,  як модари зору парешону маҳзун бо ҳазор умеду орзу  эҳсос мекунам, ки дар поёни роҳам чароғе ҳаст, ки иншоаллоҳ рӯшаниям меорад ва  он чароғи орзуву умедҳоям Шумо ҳастед, ки рӯзгори тираву торамро Худо агар хоҳад, нурафшон  месозед. Шумо чун хуршеде ҳастед, ки гармиву муҳаббати беназиратон ба тамоми мардуми Тоҷикистон мерасад. Охир Шумо доди Худо, атои Худовандед, ки мардум ба буданатон ниёз дорад.

Мани модари зору фигору дилшикаставу паршикаста, синну солам ҳам ба ҷойе расидааст  ва чандест, ки писарамро надидаам, хеле зиёд ёдаш кардаам, охир ӯ ҳар субҳ очаҷон гуфта, зиёратам мекард ва дуо металабид, аммо имрӯз ӯ аз ман дур асту фазои зиндагиям рӯҳшикану дардолуд ҷонсӯз гаштааст, ин зиндаҷудоӣ диламро хун кардааст ва андеша мекунам, ки  оё бори дигар насиб мешуда бошад, ки писари азизамро бубинам, зеро набудани фарзандам Раҷабалӣ умри маро рӯз то рӯз кам мекунад…

Ягона умедам Шумо Пешвои муаззами  миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон ҳастеду халос, зеро сароғози ҳама нишоту  шукуфоии ин Ватан, мушкилкушои гиреҳи дарди мардум, сардафтари сулҳу ишқу зебоӣ, сароҳанги фарҳангу доноии маърифату маънавиёти  мо ҳастед  ва  хуб медонам,ки танҳо  Шумо  метавонед,  ба дарди мани модари зор дармон бубахшед,  чӣ хубест касеро авф намудану бахшидан, чӣ тавре, ки гуфтаанд:

Авф фармудан муборак хислатест,

Ҳар кӣ дорад авф, соҳибдавлатест.

Барои Шумо таманно мекунам , ки ҳамеша ҳар лаҳзаи умратон аз шодӣ боровар  ва  Тоҷикистон чун даргоҳи умеди ҳамагон, маркази нишоту тавҳид дар канори Шумо то ҷовидон бимонад».

Бо эҳтироми самимӣ

Қандалиева Бибиҷон, модари Раҷабалӣ Одинаев 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...