Сарвазир доир ба 5 ҳамоиши байнулмилалии соли оянда дар Душанбе

СарвазириТоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Кумитаи тадорукоти чорабиниҳои байнулмилалӣ изҳор намудааст, ки соли 2018 дар Душанбе панҷ ҳамоиши сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки пеш аз ҳама, сухан дар бораи саммити сарони давлатҳои узви ИДМ ва Конференсияи  байналмилалӣ оид ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» меравад.   Бино ба […]

АМИТ «Ховар»

СарвазириТоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Кумитаи тадорукоти чорабиниҳои байнулмилалӣ изҳор намудааст, ки соли 2018 дар Душанбе панҷ ҳамоиши сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки пеш аз ҳама, сухан дар бораи саммити сарони давлатҳои узви ИДМ ва Конференсияи  байналмилалӣ оид ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» меравад.  

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сарвазири мамлакат таъкид намудааст, ҳамзамон соли оянда дар Душанбе баргузории ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай  дар назар дошта шудааст.

«Аз ин рӯ, — зикр намудааст Қоҳир Расулзода, — аъзоёни кумитаҳои тадорукот, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута  бо мақсади иҷрои  дастуру нишондодҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин ҳамоишҳо бояд тадбирҳои таъхирнопазир андешанд».

Гуфта мешавад, вобаста ба ин дар ҷаласа вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов,  муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои об – фиристодаи махсуси Президенти ҶТ дар Панели сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ва дигарон оид ба рафти омодагии ниҳодҳои дахлдор  ба чорабиниҳои дарпешистода маълумот доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар охири ҷаласа Қоҳир Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор барои   сари вақт ва бо сифати баланд  иҷро намудани корҳои омодагӣ супоришҳои мушаххас додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.