Эмомалӣ Раҳмон: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ ба Тоҷикистон сулҳу ваҳдат меорам»

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рӯзи 19 ноябри дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 – умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ Президенти мамлакат изҳор намуд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки расо бисту панҷ сол қабл дар ҳамин рӯз, яъне 19-уми ноябри соли 1992 дар ҳамин толор ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат роҳи минбаъда ва сохти давлатдории ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон карда буд, ки минбаъд роҳи саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон гардид.

«Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 иброз дошта будам, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам, – гуфт ӯ. – Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Қайд шуд, ки дар чунин шароити ниҳоят печидаву мушкил Иҷлосияи XVI-ум баробари ба таври қатъӣ эълон кардани волоияти қонун, тартибу низоми ҷамъиятӣ ва пешгирӣ кардани кӯшишҳои харобгаронаву ҷудоихоҳонаи қувваҳои муайяни дохиливу хориҷӣ дар ҳаёти мардуми кишвар таҳаввулоти амиқ ва дигаргуниҳои бунёдии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро ворид намуд.

«Баробари интихоб шудан ба вазифаи пурмасъулияти Раиси Шӯрои Олӣ дар ҳузури вакилони иҷлосия ва дар назди халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд карда будам, ки «агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад, ман ором буда наметавонам», – таъкид дошт Сарвари давлат.

Президенти мамлакат таъкид дошт, ки баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд.

«Бовар дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон бештар талош варзида, барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва дар ин замина таъмин кардани зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузоранд», – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...