ФФТ довталаби ҷоизаи «Созмони футболи миллии дар ҳоли рушди сол»-и КФО

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба рӯйхати довталабони ҷоизаҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар соли 2017, ки 18-уми ноябр нашр гардид, дохил шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин рӯйхат Федератсияи футболи Тоҷикистон ба номинатсияи “Созмони футболи миллии дар ҳоли рушди сол” (AFC Member Association of the Year – Developing category) шомил гаштааст. Ба ҷуз […]

Радиои Озодӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба рӯйхати довталабони ҷоизаҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар соли 2017, ки 18-уми ноябр нашр гардид, дохил шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин рӯйхат Федератсияи футболи Тоҷикистон ба номинатсияи “Созмони футболи миллии дар ҳоли рушди сол” (AFC Member Association of the Year – Developing category) шомил гаштааст. Ба ҷуз ФФТ барои ин ҷоиза федератсияҳои футболи Лубнон ва Ветнам довталабанд.

Маросими супурдани ҷоизаҳои AFC («AFC Annual Awards 2017»), ки дар он мавсими имсолаи футбол натиҷагирӣ шуда, лауреатҳои соли 2017 эълон мешаванд, рӯзи чоршанбеи 29 ноябр дар пойтахти Тайланд – Бангкок – баргузор мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Хуршед Мирзо, муовини аввали раиси ФФТ ва Анвар Мирзоев, раиси Федератсияи футболи Душанбе, намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки соли 2015 Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҷоизаи “Созмони футболи миллии дар ҳоли рушд” довталаб буд, вале ду сол пеш ин ҷоиза ба Ассотсиатсияи футболи Ҳонконг супурда шуд.

Соли 2014 бошад, дар маросими супурдани ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Филиппин – Манила – Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҷоизаи президенти AFC барои рушди футболи кӯдакон ва футболи оммавӣ («AFC President Recognition Award for Grassroots Football») қадрдонӣ гардида буд.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳои AFC дар Бангкок лауреатҳои соли 2017 аз рӯи бисёр номинатсияҳо эълон мешаванд. Аз он ҷумла, барои ҷоизаи “Беҳтарин бозигари Осиё” байни мардон се нафар – Ву Леи (Чин), Умар Хрибин (Сурия) ва Умар Абдулраҳмон (Имороти Муттаҳидаи Араб) ва миёни занон Саманта Керр (Австралия), Сунг Хиян Сим (Кореяи Шимолӣ) ва Кумагаи Саки (Ҷопон) довталаб мебошанд.

Инчунин барои ҷоизаи “Беҳтарин мураббии сол” байни мардон Анж Постекоглу (Австралия), Ишии Масатада ва Такафуми Хори (ҳарду аз Ҷопон), миёни занон Гао Хонг (Чин), Асако Такакура (Ҷопон) ва Летисиа Баутиста (Филиппин) довталабанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.