Ифтитоҳи як қатор корхонаҳо дар Бӯстон бо ҳузури Сарвари давлат

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдиду […]

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои «Шимоли Тоҷикистон» анҷом дода шуд.

Иброз гардид, ки барои татбиқи ин лоиҳа дар шаҳри Бӯстон 25 миллиону 532 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки 13 миллиону 293 ҳазор сомониаш қарз ва 12 миллиону 240 ҳазор сомонии дигари онро грант ташкил медод.

Лоиҳа аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи 80 миллиону 659 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд. Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара босуръат идома доранд.

Дар Бӯстон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббии ҶДММ “Фарм Суғд” низ ҳусни оғоз бахшида, аз масъулону мутахассисони корхона истеҳсоли дорувории баландсифат ва банду басти мутобиқ ба стандартҳоро тақозо намуд.

Корхонаи тозатаъсиси дорусозӣ аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои ғилофакбарорӣ (капсула), доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, банду басти дока ва пахтаҳои тиббӣ ва дар зарфҳо ҷой додани нӯшобаҳо аз мева иборат мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин маркази омӯзишу таҳлили дорую маводи тиббӣ ва муаррифии гиёҳҳои шифобахши табиии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Бо оғози фаъолияти ин корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббӣ истеҳсоли зиёда аз 20 намуди маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш, беш аз 20 навъу номгӯи нӯшобаю дамобаҳо, номгӯи зиёди бандинаҳои гуногунандозаи таъмизшуда ва таъмизнашуда, 3 номгӯй пахтаи тиббӣ, 4 намуд равғанҳои шифобахши тиббӣ, 2 намуд маҳлули спиртӣ, 3 намуд шарбатҳои махсуси шифоӣ, ҳамагӣ зиёда аз 60 намуд номгӯи маводи доруворию тиббӣ ба роҳ монда шуда, интиқолу фурӯши он ба осоишгоҳҳо ва дорухонаҳои вилояти Суғд роҳандозӣ мегардад.

Сарвари давлат ҳачунин ба фаъолияти гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ ва сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ расман оғоз бахшида, бо намунаи хонаҳои истиқоматии камхарҷи ширкати "Элегант" ошноӣ пайдо кард.

Гармхонаи мазкур таҷрибавӣ буда, дар он маҳсулот бо усули гидропоникаӣ, яъне бе хок парвариш ёфта, аз ҳисоби нахҳои базалтӣ нашъунамо меёбад. Яке аз самтҳои фаъолияти ДММ "Элегант" истеҳсоли нахи базалтӣ буда, солона 14 ҳазор метри мукааб ин навъи ашёро истеҳсол менамояд.

Масоҳати умумии гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ 1800 метри мураббаъро ташкил дода, ҳамзамон дар масоҳати 1200 метри мураббаъ парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Дар дохили гармхонаи лимӯпарварӣ масъулин бо усули муосир қаҳвахонаи хурд бунёд кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.