Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Боку моҳи декабр барқарор мешавад

Хатсайри мунтазами ҳавоӣ байни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон моҳи декабри соли равон барқарор мешавад. Ҳафтаи сипаришуда зимни сафари кории ҳайати ҶСК «Сомон Эйр» ва КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ба шаҳри Боку доир ба оғози парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» аз моҳи декабр тариқи хатсайри Душанбе – Боку – Франкфурт – Душанбе» тавофуқ ҳосил шудааст, хабар […]

Хатсайри мунтазами ҳавоӣ байни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон моҳи декабри соли равон барқарор мешавад.

Ҳафтаи сипаришуда зимни сафари кории ҳайати ҶСК «Сомон Эйр» ва КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ба шаҳри Боку доир ба оғози парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» аз моҳи декабр тариқи хатсайри Душанбе – Боку – Франкфурт – Душанбе» тавофуқ ҳосил шудааст, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ТАЛКО. Парвоз ду маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешавад.

Ин масъала дар вохӯрии ҳайати ҷониби Тоҷикистон бо президенти ҶСП ««AZAL Азербайджанские Авиалинии» Ҷаҳонгир Аскеров, директори ширкати ҳавопаймоии «Buta Airways» Ҷамил Манизода ва ноиби авали гурӯҳи ширкатҳои SILK WAY Темур Гасанов баррасӣ шудааст.

«Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои омодагӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар заминаи муассисаҳои махсуси таълимии Озарбойҷон низ табодули назар карданд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар доираи ин сафар миёни намояндагони ТАЛКО ва «DET-Al» гуфтушунид доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дар бораи аз моҳи декабр ба корхонаи Тоҷикистон фиристодани кокси нафтӣ дар ҳаҷми аз 3 то 7 ҳазор тонна дар як моҳ ба ивази аз Тоҷикистон ба ширкати озарбойҷонии «DET-Al» интиқол додани анод, криолит, флюорит ва алюминии дуюмдараҷа созишнома ба имзо расидааст.

«Ҳамзамон дар бораи дубора ба кор даровардани комбинати истеҳсоли гилхоки Ганҷаи Озарбойҷон бар асоси толлингӣ бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ аз ҷониби ТАЛКО дар соли 2018 ва минбаъд бар асоси шартҳои мутақобилан судманд ба Тоҷикистон фиристодани гилхок барои истеҳсоли алюминий низ тавофуқ ҳосил шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин механизмҳои қобили қабули нарху тарифгузории транзитиро ба маҳсулоти алюминий тариқи қаламрави Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти ТАЛКО низ муайян карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.