ТАЛКО ҷиҳати дастрасӣ ба гази Ӯзбекистон манфиатдор нест

КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) харидории гази табиӣ аз Ӯзбекистонро танҳо барои тайёр кардани анодҳо имконпазир медонад. «Ширкати «РусАл» ҳамроҳ бо ТАЛКО истеҳсоли анодро роҳандозӣ карданист ва ҳангоми истеҳсоли анодҳо истифодаи гази табииро муҳим медонад, – гуфт ба «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ширкат Игор Сатторов. – Айни замон дар ин хусус гуфтушунидҳо ҷараён доранд […]

КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) харидории гази табиӣ аз Ӯзбекистонро танҳо барои тайёр кардани анодҳо имконпазир медонад.

«Ширкати «РусАл» ҳамроҳ бо ТАЛКО истеҳсоли анодро роҳандозӣ карданист ва ҳангоми истеҳсоли анодҳо истифодаи гази табииро муҳим медонад, – гуфт ба «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ширкат Игор Сатторов. – Айни замон дар ин хусус гуфтушунидҳо ҷараён доранд ва агар кадом як тавофуқе ҳосил шавад, мо ба Ӯзбекистон муроҷиат мекунем».

Зимнан хотиррасон шуд, ки аз моҳи апрели соли 2012 Ӯзбекистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ намуда, ширкат таъҷилан ва технологияи нав гузашт, яъне ба истеҳсоли газ аз ангишт шурӯъ намуда, табиист, ки технологияи истеҳсол ҳам иваз ва маблағгузорӣ сурат гирифт, ки дар ин реҷа идомаи кор мувофиқи мақсад аст.

Қобили зикр аст, ки барои таъмини истеҳсоли алюминий бо сӯзишворӣ ТАЛКО дар кони ангишти «Фон Яғноб» дар ноҳияи Айнӣ ду кон гирифта, «кор дар он ҷо муваффақона роҳандозӣ шудааст ва ширкат истеҳсолоташро пурра таъмин мекунад».

Ҳамчунин мебояд гуфт, ҶСК «Тоҷиктрансгаз» аз оғози соли оянда интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистонро барқарор карданист. Айни замон миёни ширкатҳои марбут ба истихроҷу таҳвили гази давлатҳо гуфтушунидҳо ҷараён дошта, «Тоҷиктрансгаз» таваҷҷуҳ ва талаботи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба гази табииро муайян мекунад.

То замони қатъи интиқоли он дар соли 2012, ТАЛКО истеъмолгари асосии гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба шумор мерафт. Аз моҳи январи соли 2013 ширкат ба таъмини талаботи худ бо сӯзишворӣ ба истифода аз гази синтезшуда гузашт, ки аз ангишти маҳаллӣ истеҳсол мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.