Эҳтимоли иштироки Таҳмина Ниёзова дар озмуни «Евровидение-2018»

Sputnik Тоҷикистон

Овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова номзадии худро дар озмуни Eurovision 2018 пешбарӣ кардааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, овозхон дар ин озмун аз номи кишвари урупоии Сан-Марино ширкат хоҳад кард.

Таҳмина гуфтааст, Сан-Марино дар интернет барои интихоби намояндааш дар Eurovision 2018 озмун эълон кард ва ӯ низ бахти худро санҷиду аз давраи аввали он гузашт. Овозхон гуфтааст, дар марҳилаи аввали озмуни Eurovision 2018 муваффақ шудаасту ҳоло ба вай дастгирии ҳамватанонаш зарур аст. Бо ин суроға ба тарафдории ӯ метавон овоз дод.

https://www.youtube.com/watch?v=ThNQLy4dCQs

"Ман давраи интихобиро гузаштаам. Акнун бояд ҳамчун овозхон дар вебгоҳи озмун, ки он ҷо суруди ман аст, писанди бештареро ҷамъ оварам", — иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи овозхон, дар сурати ба даст овардани писанди бисёр  вай ба даҳгонаи беҳтарин овозхонҳои Сан-Марино ворид хоҳад шуд ва рақобатро барои ширкат дар Eurovision 2018 идома хоҳад дод.

Дар идома ӯ қайд кардааст, ки созмондиҳандагони Eurovision дар Сан-Марино гуфтаанд, ҳарчанд пеш аз ин номи кишвари Тоҷикистонро нашунида буданд, вале фикр мекунанд, ки эҳтимоли ин ки Таҳмина Ниёзова Сан-Мариноро дар Eurovision 2018 муаррифӣ кунад, бисёр аст.

"Ман фикр мекунам, ки ширкати як тоҷикдухтар дар озмуни байналмилалии Eurovision номи Тоҷикистонро барои ҷаҳониён ошнотар хоҳад кард", — изҳор доштааст ӯ.

Таҳмина Ниёзова хабар додааст, ки бо таронаи машҳури Селин Дион "Surrender" номзадии худро ба озмуни миллии Сан-Марино барои интихоби намояндаи ин кишвар дар Eurovision 2018 пешниҳод кардааст.

Таҳмина Ниёзова нахустин овозхон аз Тоҷикистон аст, ки барои ширкат дар озмуни Eurovision азм кардааст. То кунун ҳеч намояндаи Тоҷикистон дар ин сабқати беҳтарин овозхонҳои Урупо ҳузур пайдо накардааст.

Қобили зикр аст, ки озмуни Eurovision 2018 моҳи май дар Лиссабон, пойтахти Португалия баргузор хоҳад шуд.

Сан-Марино, ки як кишвари хурд дар Урупост, барои интихоби намояндааш ба Eurovision 2018 бо таъсиси сомонаи вижаи https://www.1in360.com озмуни саросариеро дар Интернет эълон кард, ки дар он беш аз 350 овозхону гурӯҳҳои ҳунарӣ аз саросари ҷаҳон ширкат карданд.

Таҳмина Ниёзова 14 феврали соли 1989 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ набераи Боймуҳаммад Ниёзов, яке аз шашмақомсароёни саршиноси тоҷик аст. Вақте 19 сол дошт, дар соли 2008 барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” шуд. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона мехонад. “Ман ошиқи ту”, “Ба нози Лайло”, “Ёри ҷонам”, “Боди сабо” ва “Занги телефон” аз маъруфтарин таронаҳори тоҷикии ӯянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...