Аксҳои паловхӯрӣ ва наворбардории кормандони Агентии зиддифасод дар тӯй

Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ), ки дар натиҷаи нақзи қонуни танзими анъана дар тӯйи издивоҷи писараш аз мансаб сабукдӯшу ҷарима шуд, аксҳои кормандони Агентии зиддифасодро дар сомонаи худаш нашр карда, онҳоро бо доираи сурх ҷудо кардааст. Тавре Сайфиддин Назарзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, ӯ дар cомона ҳамаи далелҳои ба сифати меҳмон ба тӯй […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ), ки дар натиҷаи нақзи қонуни танзими анъана дар тӯйи издивоҷи писараш аз мансаб сабукдӯшу ҷарима шуд, аксҳои кормандони Агентии зиддифасодро дар сомонаи худаш нашр карда, онҳоро бо доираи сурх ҷудо кардааст.

Тавре Сайфиддин Назарзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, ӯ дар cомона ҳамаи далелҳои ба сифати меҳмон ба тӯй омадани кормандони Агентии зиддифасод, аз ҷойе ба ҷойи дигар нишастан, паловхӯрӣ ва наворбардории онҳоро гузоштааст.

«Аз 247 нафаре, ки прокуратура дар тӯй ҳисоб кардааст, ҳамагӣ 143 нафарашон меҳмонони даъватшудаи мо, 47 кас аксҳои такроршавандаи ҳамон як одамон, 19 нафар шахсони аз ҷониби мо даъватнашуда, 13 нафар кормандони хизматрасони тарабхона, 7 нафар афроди шубҳанок ва 9 нафар кормандони Агентии зиддифасод мебошанд, ки онҳо низ паловхӯрӣ карданд, гӯё, ки меҳмони мо бошанд ва худро дар аксҳо ҳисоб кардаанд, вале ман онҳоро даъват накарда будам», – навиштааст Назарзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.